Хабарҳо
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52
Филми ҳуҷҷатии Бешарафӣ - 20.01.2021 22:04
Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд - 20.01.2021 15:24
Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:16
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:29
Дар Шаҳристон бунёди бинои бахши омори ноҳия ҷараён дорад - 20.01.2021 13:53
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони маркази саломатӣ ва пули мошингузар дар ноҳияи Шаҳристон - 20.01.2021 13:29

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 30 километр роҳҳои автомобилгард мумфарш карда шуд

( 0 Овоз )

Дар соли 2020 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми 24 миллион сомонӣ наздик 30 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳӣ мумфарш карда шудааст. Дар ин бора сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд Ҳоҷарой Латифӣ зимни ҷаласаи ҷамбастӣ маълумот дод.

Ба иттилои номбурда соли 2020 ҳамзамон аз ҷониби Вазорати нақлиёти мамлакат барои таъмири роҳҳо бештар аз 12 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, инчунин ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳру навоҳӣ ба маблағи 2 миллиону 416 ҳазор сомонӣ маводи зарурӣ дастрас гардидааст.

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллидошта бошад аз тарафи буҷети шаҳру ноҳияҳо 1 милиону 71,4 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст.

Мусаллам аст, ки дар Тоҷикиситон ба масъалаи роҳу роҳдорӣ тававҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои бунёду нигоҳдории роҳҳо, сохтмони пулҳои мошингузар аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар шахсони алоҳида низ барои таъмиру тармим ва навсозии роҳу купрукҳо саҳми назаррас мегузоранд. Дар соли гузашта дар вилояти Суғд аз тарафи соҳикброн ва аҳолӣ 41,4 километр роҳҳо бо харҷи 13 миллиону 411,4 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуда, наздик 100 километр шағалпӯш ва 33,5 километр аз таъмирӣ ҷорӣ бароварда шудааст, ки маблағи он наздик 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра ҳамзамон 6 адад пул бо харҷи 512,8 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудаааст.

Ёдовар бояд шуд, ки Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд нигоҳдории беш аз 3 ҳазору 285 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва дигар иншооти онро ба зимма дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 30 километр роҳҳои автомобилгард мумфарш карда шуд