Хабарҳо
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52
Филми ҳуҷҷатии Бешарафӣ - 20.01.2021 22:04
Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд - 20.01.2021 15:24
Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:16
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:29
Дар Шаҳристон бунёди бинои бахши омори ноҳия ҷараён дорад - 20.01.2021 13:53
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони маркази саломатӣ ва пули мошингузар дар ноҳияи Шаҳристон - 20.01.2021 13:29

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз таҳияи лоиҳаи “Рамзи Китоб” хабар дод

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз таҳияи лоиҳаи “Рамзи Китоб” хабар дод, ки бунёди он дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, дар ҳалқаи роҳи автомобилгарди назди бинои меҳмонхонаи “Саразм – Плаза” ва муҷассамаи “Деваштич” ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, “Рамзи Китоб” - ифодакунандаи сухандону сухансанҷ, китобхону китобдор ва эҷодкору фарҳангпарвар будани мардуми тоҷик, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостонӣ мебошад ва он як гӯшаи шаҳри азизамонро зебову дилрабо хоҳад гардонд.

“Рамзи Китоб” бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент қомат хоҳад афрохт. “Рамзи Китоб” дорои 5 сутунпоя буда, ин сутунпояҳо бо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода ёфтаанд.

Дар болои сутунпоя лавҳаи электронӣ ҷойгир карда мешавад, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик  мунтазам пахш мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо пешниҳоди лоиҳаи “Рамзи Китоб” аз сокинон даъват намудааст, ки бо мақсади такмили лоиҳа пешниҳодоти худро ироа менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз таҳияи лоиҳаи “Рамзи Китоб” хабар дод