Хабарҳо
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52
Филми ҳуҷҷатии Бешарафӣ - 20.01.2021 22:04
Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд - 20.01.2021 15:24
Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:16
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:29
Дар Шаҳристон бунёди бинои бахши омори ноҳия ҷараён дорад - 20.01.2021 13:53
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони маркази саломатӣ ва пули мошингузар дар ноҳияи Шаҳристон - 20.01.2021 13:29

Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи намуди шоҳмот ҷамъбаст гардид

( 1 Овоз )

Дар озмоишгоҳи инноватсионии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи намуди шоҳмот баргузор гардид.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №1) аз худ маҳорати хуб нишон дода,  ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Рақобати ниҳоии озмун хеле шавқовар доир гардида, дар натиҷа дастаи шаҳри Хуҷанд пирӯз шуд. Ба ин тартиб, дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми дуввум ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №2) мақоми сеюмро касб намуданд.

Ба ғолибони озмун Ҷом, медалҳои ифтихорӣ ва диплому сипосномаҳо супорида, инчунин дастаҳои шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Ашт барои нишон додани маҳорати хуб бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд  қадршиносӣ карда шуданд.

Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои таътили зимистонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд баргузор шуда, дар даври вилоятии озмун 23 дастаи беҳтарин иштирок намуданд.

Дар даври вилоятии озмун дастаҳо аз шаҳри Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон иштирок доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи намуди шоҳмот ҷамъбаст гардид