Хабарҳо
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52
Филми ҳуҷҷатии Бешарафӣ - 20.01.2021 22:04
Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд - 20.01.2021 15:24
Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:16
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:29
Дар Шаҳристон бунёди бинои бахши омори ноҳия ҷараён дорад - 20.01.2021 13:53
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони маркази саломатӣ ва пули мошингузар дар ноҳияи Шаҳристон - 20.01.2021 13:29

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода бо интихобкунандагон

( 0 Овоз )

5 январи соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар вохӯрӣ Рустам Раҳматзода нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, перомуни дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамзамон доир ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, истифодаи самарноки замин, пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаҳои худро баён дошт. Чунин як вохӯрӣ дар тарабхонаи "Висол"-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз низ доир шуд. Дар вохӯрӣ зиёда аз 220 нафар интихобкунандагон ширкат варзида, ба саволҳои худ аз вакили Маҷлиси намояндагон посух гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода бо интихобкунандагон