Хабарҳо
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52
Филми ҳуҷҷатии Бешарафӣ - 20.01.2021 22:04
Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд - 20.01.2021 15:24
Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:16
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:29
Дар Шаҳристон бунёди бинои бахши омори ноҳия ҷараён дорад - 20.01.2021 13:53
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони маркази саломатӣ ва пули мошингузар дар ноҳияи Шаҳристон - 20.01.2021 13:29

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар Исфара

( 0 Овоз )

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Мулоқотро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуд.

Ў аз чумла изҳор дошт, ки мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 9 январи соли 2021 мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон сурат мегирад. Тибқи ин дастур, вакилони мардумӣ ба назди интихобкунандагони худ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят Суғд сафар намуда, доир ба масъалаҳои рӯзмарраи мардум бо онҳо дидору гуфтугӯи корӣ анҷом медиҳанд.

Минбаъд Вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода ва Мансур Усмонов нуктаҳои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаҳру тавзеҳ дода, вобаста ба масоили сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, вусъат додани корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Вакилони мардумӣ бо таҳлили вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пешниҳодоти судманд иброз намуданд.

Ҳамзамон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода ва Мансур Усмонов бо суолҳои интихобкунандагон ҷавоб гуфтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар Исфара