5 январ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров бо табибону кормандони соҳаи тибби шаҳри Истаравшан мулоқот намуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар мулоқот муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳр, табибон ва кормандони соҳаи тиб иштирок намуданд.
Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Умаров нахуст миннатдории хешро барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона ба табибон изҳор дошта, сипас роҷеъ ба андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуд.
Инчунин, мавсуф оид ба фаъолияти вакилӣ маълумот дода, вобаста ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат ва баррасии саривақтии муроҷиати интихобкунандагон муфассал маълумот дод.
Бояд қайд намуд, ки 4 январ низ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти вакилон бо фаъолони шаҳр доир гардида буд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд