Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология, инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ, ҷалби гуруҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ гузаронида шуда, шахсони алоҳида ва гуруҳҳои эҷодӣ метавонанд дар он иштирок намоянд. Иштирокчиён маводи худро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод карда метавонанд. Ҳаҷми асар ва маводи пешниҳодшаванда маҳдуд набуда, асару мақолаҳо бояд мавзуъҳои 30 соли истиқлоли давлатӣ -қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист, тағирёбии иқлим ва чораҳои пешгирии он, мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқибатҳои ногувори экологӣ, истифодабарии устувори захираҳои обию энергетикӣ, инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла истифодабарии оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, тарбия ва маърифати экологии аҳол ва амсоли инро дар бар гирад.

Ба ғолибони озмун ба миқдори 5000 сомонӣ(як ҷой), 3500 сомонӣ(ду ҷой) ва 2000(панҷ ҷой) сомонӣ мукофотҳои пулӣ дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад