Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Дар асоси нақшаи кории Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади пешгирии хурофотпарастӣ, радикализми динӣ, таъсири равияҳои террористиву экстремистӣ ба шуури наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзу гиромӣ доштани истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо қишри гуногуни ҷомеа бахусус ҷавонон вохӯриҳои судманд баргузор намуд.

Вохӯриҳо дар ҳамкорӣ бо Маркази солимӣ репродуктивии вилоят дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ–металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Филиали исфарагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Баширхон Исҳоқӣ, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара, Коллеҷҳои омӯзгорӣ, технологӣ ва тиббии шаҳри Конибодом, Коллеҷҳои тиббӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо иштироки омӯзгорон ва  донишҷӯён доир карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби занони фаъоли барӯманд аз рўйи усули корбарии “Хона ба хона” дар кўчаву маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Шаҳристон, Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, маҳаллаҳои Тиллокон, Суғдиён, Мевағул, Масҷиди Савр, Раззоқ, Темурмалик ва ҳудуди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бозорҳои Дўстӣ ва Бадахшони ноҳияи Зафаробод суҳбату вохӯриҳо ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуданд.



Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд