Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

«ШАХСИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН ҶУДОНОПАЗИР АСТ». Чунин мешуморад сиёсатшиноси рус, мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин

( 0 Овоз )

«Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил қариб ҳамеша зери роҳбарии Раҳмон мавҷуд будааст. Шахсияти президенти амалкунандаро аз таърихи муосири Тоҷикистон ҷудо кардан ғайриимкон аст», — изҳор намуд Андрей Грозин, мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои таърих зимни мусоҳиба бо Sputnik дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз таҷлил шуд.

Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистони имрӯза — парвардаи дасти Эмомалӣ Раҳмон аст.

Коршинос илова намуд, ки теъдоди зиёди «маҳдудият» садди роҳи рушди ҷумҳурӣ мебошанд.

«Инҳо сохтори иқтисодиёт, фишори демографӣ ва инчунин мероси ҷанги шаҳрвандӣ, ки иқтисоди Тоҷикистонро комилан хароб намуд, мебошанд. Дар чунин шароит роҳбарӣ намудани кишвар хеле мушкил аст», — гуфт А. Грозин, коршиноси масоили амнияти миллӣ ва ҳамкории баргузидагон дар кишварҳои пасошӯравии Осиё.

Ба қавли сиёсатшиноси рус, он ки Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба масири рушди мӯътадил ворид шудааст — ин хидмати Эмомалӣ Раҳмон ва одамонест, ки вай ба дастаи худ ҷалб кардааст.

«Ба Эмомалӣ Шарипович даъвоҳои  зиёд пешкаш карда мешаванд, ки гӯё ӯ кадом кореро нодуруст кардааст ё чизеро то ба охир нарасонидааст. Вале аз дур истода, ҳукм кардан ҳама метавонанд. Ба ҳама чиз бояд бо дидаи ақл нигарист ва мунсифона баҳо дод”, — афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон комилан сарвари муваффақ ва мусбат мебошад. Интихоботи гузаштаи президентӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки барои аксари шаҳрвандони Тоҷикистон маҳз субот арзиши умда, асосӣ ва баҳснопазир аст.

«Субот дар Тоҷикистон маҳз ба шахсияти президенти амалкунанда рабт дода мешавад», — зикр намуд ӯ.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «ШАХСИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН ҶУДОНОПАЗИР АСТ». Чунин мешуморад сиёсатшиноси рус, мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин