Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Иштироки 5 ҳазор хонандагон дар 52 - умин олимпиадаи "Техникони наврас"

( 2 Овоз )

Дар доираи Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакон ва наврасон" дар ​ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Спитамен бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо иштироки 300 нафар навоварон ва ихтироъкорони наврас аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 - умин олимпиадаи "Техникони наврас" ​ баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи озмун Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим ​ Каримзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории озмуни мазкур барои рушди қобилияти эҷодии кӯдакон ва наврасон муҳим буда, дар истеҳсолот татбиқ намудани ихтирооти кӯдакон аз ҳадафи олии ин иқдом ба шумор меравад. Олимпиада аз руи 10 бахш, аз ҷумла роботтехникӣ, авиамоделӣ, автомоделӣ, ихтироъкорӣ, киштии ояндаи коинот, судомоделӣ, барномасозӣ, аграрӣ, радиоконструкторӣ ва «Манзили истиқоматӣ аз нигоҳи ман» ҷараён гирифт.

Қисмати зиёди корҳои хонандагон фарогири роҳҳои мубориза бо бемории коронавируси “Covid-19” буд ва кӯдакон роҳҳои нави усули мубориза бо ин бемории ҳамагирро ҷустуҷӯ намуда, ихтирооти навро мавриди корбарӣ ва истифода қарор додаанд.​

Лоиҳа ва макетҳои беморхонаҳои инноватсионӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби хонандагони МТМУ №11, ноҳияи Ҷаббор Расулов миёни ҳакамони озмун гарму самимӣ пазируфта шуд. Инчунин, тайёраи бесарнишин барои пошидани маҳлулҳои безараргардонӣ, ки аз ҷониби хонандаи МТМУ №2 шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Назаров ихтироъ шудааст, таваҷҷуҳи ҳамаи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Хонандагони навовари шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара ​ ноҳияҳои Ашт, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров чанд ихтирооти нав, аз ҷумла дучархаи барқӣ, дучархаи инноватсионӣ барои маъюбон, мошинаи хизматрасонии кишоварзӣ, трактори инноватсионӣ, роботҳои ҳамакор, дастгоҳи худсохти инкубатсионӣ барои парвариши мурғ пешниҳоди ҳайати бонуфузи доварон аз донишгоҳҳои олии вилоят гардид.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун шаҳри Панҷакент бо ишғоли 7 ҷойҳои ифтихорӣ (2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ) - мақоми аввал, дастаи ихтироъкорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (2 медали тилло ва 3 биринҷӣ) ва шаҳри Хуҷанд ( 3 медали тилло, 2 медали нуқра) бо ишғоли 5 ҷойҳои ифтихорӣ - мақоми дуввум ва дастаи хонандагони навовари ноҳияи Ашт бо соҳибии 4 ҷойҳои ифтихорӣ (1 медали тилло, 2 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ) мақоми сеюмро ба даст оварданд. Дар кори бахшҳои озмун хонандагон аз шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Истаравшан ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич фаъолона иштирок намуда, соҳиби диплом, медал, ҷоми олимпиада ва туҳфҳои хотиравӣ гардиданд.​

Лозим ба таъкид аст, ки дар даври мактабӣ, шаҳрӣ-ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятии озмун беш аз 5 ҳазор хонандагон ширкат варзиданд.

Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд солҳои охир ба рушди техника, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни кӯдакон ва наврасон афзудааст. Иштироки бевоситаи аъзоёни маҳфилҳои равияи техникии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар озмунҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ва Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва ғолибияти онҳо дар соли 2019 дар ин олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ самараи ин таваҷҷуҳ аст.

Моҳи феврали соли 2021 дар шаҳри Хюстони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико баргузории олимпиадаи ҷаҳонии роботтехникӣ дар назар аст ва хонандагони болаёқати вилояти Суғд ва аъзоёни фаъоли маҳфили роботтехникии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба озмуни мазкур даъват шуда, барои иштирок ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки 5 ҳазор хонандагон дар 52 - умин олимпиадаи "Техникони наврас"