Хабарҳо
Қадршиносии ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор - 24.10.2020 10:11
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСП “Зуҳал” ва ҶДММ “Анҳор” - 23.10.2020 16:15
Беҳтарин навоварони олами коинот муайян шуданд - 23.10.2020 13:58
Боздиди​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко" - 23.10.2020 12:06
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод - 23.10.2020 10:12
Ғолибони озмуни вилоятии "Камолхонӣ" қадршиносӣ шуданд - 23.10.2020 10:39
Бунёди 7 толори варзишӣ ва 25 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо - 23.10.2020 10:34
Хуҷанд: Фаъолияти марказҳои дилхушӣ қатъ карда шуд - 23.10.2020 10:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ мулоқот намуданд - 23.10.2020 08:45
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.10.2020 08:39

Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷонибдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дод

( 0 Овоз )

Субҳи рӯзи 11 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба участкаи интихоботии "Хуҷанд №27" ташриф оварда, ба ҷонибдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.

Дар вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, интихобкунандагон бо эҳсоси баланди масъулият дар участкаҳои интихоботӣ барои овоздиҳӣ ҳозир гардида истодаанд.

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 18 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуд.

Барои интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва 971 участкаи интихоботии ҳудуди вилоят бо назардошти риоя намудани қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ ҳуҷраҳо барои овоздиҳии пинҳонӣ, ҳуҷраи овоздиҳӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуҷраи модару кӯдак, нуқтаи тиббӣ, ҷои нишасти мушоҳидони миллӣ, байналмиллалӣ, ҷои нишасти котибот ташкил карда шуда, қуттиҳои овоздиҳӣ дар ҷойҳои намоён ва дастрас гузошта шудаанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар вилояти Суғд беш аз 1 миллиону 550 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 30 ҳазор нафари онҳо бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ раъй медиҳанд.

Ёдовар бояд шуд, ки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот, Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, Эмомалӣ Раҳмон, Раҳматзода Рустам ва Абдуллоев Мироҷ Санонович мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷонибдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дод