Хабарҳо
Қадршиносии ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор - 24.10.2020 10:11
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСП “Зуҳал” ва ҶДММ “Анҳор” - 23.10.2020 16:15
Беҳтарин навоварони олами коинот муайян шуданд - 23.10.2020 13:58
Боздиди​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко" - 23.10.2020 12:06
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод - 23.10.2020 10:12
Ғолибони озмуни вилоятии "Камолхонӣ" қадршиносӣ шуданд - 23.10.2020 10:39
Бунёди 7 толори варзишӣ ва 25 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо - 23.10.2020 10:34
Хуҷанд: Фаъолияти марказҳои дилхушӣ қатъ карда шуд - 23.10.2020 10:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ мулоқот намуданд - 23.10.2020 08:45
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.10.2020 08:39

“АБРЎ ДАР ШЕЪРИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ”. Бо корбарии ин калима ибораҳо ва таъбироти шоиронаи зиёде офарида шудааст

( 0 Овоз )

Абрў аслан мўест, ки болои чашм рўяд, вале дар истилоҳи сўфиён мазомини дигар ҳам дорад. Ин истилоҳро Шайх Камол дар мавриди як байти худ таъриф кардааст, ки мухтасаран сабт мешавад. Дар «Нафаҳоту-л-унс» сабт аст, ки чун матлаи Шайх:

Чашм агар ин асту абрў ину нозу ишва ин,

Алвидоъ, эй зуҳду тақво, алфироқ, эй ақлу дин.

бар самъи Мавлоно Муҳаммадширини Мағрибӣ расид, гуфт: «Шайх бисёр бузург аст, чаро шеъре бояд гуфт, ки ҷуз маънии маҷозӣ муҳмале дигар надошта бошад?».  Шайх баъди шунидани ин калом бо Мавлоно суҳбат карда, зимни суҳбат бар сабили шарҳи байт гуфтааст: «Чашм айн аст. Пас, мешояд, ки ба лисони ишорат аз айни қадим, ки зот аст, ба он таъбир кунанд. Ва абрў ҳоҷиб аст. Пас метавонад буд, ки онро ишорат ба сифот, ки ҳиҷоби зот аст, доранд» (Муқаддимаи камолшиносӣ, саҳ. 21). Аз ин ҷост, ки дар бисёр мавоқеъ абрўро ҳиҷоби зот таъбир мекунанд. Чунончи, дар «Фарҳанги истилоҳот ва таъбироти ирфонӣ» «дар суханони аҳли завқ сифот аз он рў, ки ҳоҷиби зотест ба абрў таъбир мешавад» (саҳ. 49), маъно шудааст. Дар дигар мавридҳо аз шеъри Камол ҳам абрў ба ҳамин маъно омадааст:

Ид шуд, хоҳем дидан моҳ, яъне рўи дўст.

Рўзадорон моҳи нав бинанду мо абрўи дўст.

Ҳамчунин, «мазҳари ишороту киноёти Ҳақ(қ) аст, ки соликро мутаваҷҷеҳи ваҳдат месозад» (Истилоҳоти тасаввуф, саҳ. 9), маъно шудани абрў низ қобили эътиност. Яъне, орифон абрўро маҳзи расидан ба худи Маҳбуб ва ишороти Ў дар ин тариқат қаламдод кардаанд, ки гоҳ зоҳиру гоҳ ғоиб мешавад. Байт:

Абрўят гўшанишин гашт, вале фоида чист,

Ки ба ҳар ҷонибе аз фитнаи ў ғавғоест?

Ва гоҳе киноя аз илми Ҳақ(қ) аст, ки Ҳофиз ишора мекунад:

Пеш аз он к-ин сақфи сабзу тоқи мино баркашанд,

Манзари чашми маро абрўи ҷонони тоқ буд.

Аммо абрўро ба сабаби он ҳиҷоби зот ва сифот қаламдод кардаанд, ки «дар даврони иҳтиҷоб аввал чизе, ки дида мешуд, абрў буд, баъд чашму сурат. Аз ин рў, абрўро таҷаллии сифот дар ибтидои сулук барои солик таъбир мекунанд ва гоҳе ҳамин таҷаллиёти ибтидоӣ ҷазабаи солик мегардад... Ва гоҳе мутлақан таъбир аз сифати ҷамол аст (Истилоҳоти тасаввуф, саҳ. 10-11). Дар шеъри Камоли Хуҷандӣ низ абрў ба ҳамин маънои ҷазабот дида мешавад:

Абрўи ту гар дида шудӣ гўшанишинро,

Аз ғуссаву ғам пушт зи меҳроб гузаштӣ.

Гузашта аз ин, Камоли Хуҷандӣ ҳамин ҷазаботи ошиқро, ки боиси он абрўи ёр аст, равиши дуруст хонда, сўфиёни риёкорро танқид ҳам кардааст:

Сўфӣ, агарат рўй дар он ғамзаву абрўст,

Пайваста ба меҳробиву дар айни ҳузурӣ.

Абрў пайваста ҳамчун тимсоли шеър дар ашъори Камоли Хуҷандӣ истифода шуда, онро гоҳе ба ҳайси зебоие, ки тасвир карданаш ғайримумкин аст, маъно кардан имкон дорад:

Душвор кашад нақши ду абрўи ту наққош,

Осон натавонанд кашидан ду камонро.

Ва гоҳи дигар ба ҳайси абзоре, ки бераҳмиву бешафқатии маъшуқ бо он вобаста аст, ба кор гирифта мешавад:

Чашму абрўи ту гўянд, ки дар мазҳаби мо

Ҳақ бувад куштани ушшоқ алайҳи-л-фатво.

Абрў дар байтҳои «Ба абрў рухаш ояти ҳусн хонд, Ки хондан ба меҳроб оят хуш аст» (саҳ. 149), «Ҷаъд бар ҳусни хатат нофаи мушки Хутан аст, Тоқи абрўи хушат қиблаи хубони Хитост» (саҳ. 162), «З-он тоқи ду абрў, ки ба хубӣ ҳама тоқанд, Касрест дар он тоқ, ки мансуб ба Кисрост» (саҳ. 201), «Ҳамчу ашки зоҳидон хоҳанд зад бар рўи ў Тоати ҳар кас, ки меҳробаш зи абрўи ту нест» (саҳ. 224), «Меҳроб ду шуд зоҳиди саҷҷоданишинро З-он рўз, ки меҳроби ду абрўи ту донист» (саҳ. 235)ва ғ. ба меҳроб ва ё тоқ ташбеҳ мешавад. Дар назари аввал ин гуна ташбеҳот ба мазомини маҷозӣ қаробат пайдо мекунанд, вале шоир зимнан ба танқиди аҳли риё пардохта, ки байтҳои охир гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Ҷо-ҷо Камоли Хуҷандӣ ба ҷиҳати шиква аз абрўи ёр, ки гуфтем, таҷаллии сифоти Ҳақ(қ) асту гоҳ зоҳиру гоҳ пинҳон шуда, гоҳ орифонро бар ҷазабаи худ мекашад ва гоҳе онҳоро аз ҷазабот фориғ мегузорад, забон боз мекунад ва дили худро аз ин «тоқ» ба «обгинаи шикаста» ташбеҳ медиҳад:

Тарсам бар абрўи ту ниҳодан дили заиф,

К-аз тоқҳо шикаст фитад обгинаро.

Ё ин ки:

Дил шикаст аз ғусса, к-он абрў зи чашм андохташ,

Буд пурхун шишае, аз тоқ афтоду шикаст.

Дар байтҳои «Он ду абрўи муқаввас ду камонанд ба зеҳ, Ки ба сад қарн аз он турфа камон натвон сохт» (саҳ. 164), «Эй дил, матарс аз он, ки нагардӣ шикори ёр, Инак зи ғамза тиру зи абрў камон гирифт» (саҳ. 253), «Дил тири ғамзаатро гар ҷон сипар насозад, Он беҳ, ки гўша гирад з-абрўи чун камонат» (саҳ. 269), «Ниҳода дар камон тир аз пайи сайд, Ба он чашму ба он абрў куҷо рафт?» (саҳ. 275), «Рехт он тири назар хуни Камол аз хами абрў, Ҳайфам ояд на аз ин кушта, ки аз тиру камонат» (саҳ. 307), «Чун бидидем рухат, ғамзаву абрў пеш ор, Вақти сайд аст, бувад тиру камон дарбоист» (саҳ. 350), «Заминбўси камони абрўи дўст Зи сайди банд пайдарпай фиристед» (саҳ. 434), «Пайваста абрўят дили ин нотавон кашад, Мардум камон кашанду маро он камон кашад» (саҳ. 446) ва ғ. бошад, абрў, чунонки дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ маъҳуд аст, бо камон таносуб шуда, боиси ба вуҷуд омадани тасвироти шоиронаи зиёде гардидааст. Абрў дар шеъри Камоли Хуҷандӣ мавориди мухталифе ба моҳи нав ва ҳилол ташбеҳ шуда, ки абёти «Ончунон зору низор аст зи савдо-т, Камол, Ки чу моҳи нав аз абрўи ту ангуштнамост» (саҳ. 163), «Ҳилолат абрўву хуршед талъат, Изорат моҳу қад сарви равон аст» (саҳ. 180), «Бар тоқи фалак маҳ қади худ кард хаму гуфт: Моро ба навӣ бо хами абрўи ту майлест» (саҳ. 223), «Маҳи нав бар фалак хам менамояд, Магар аз дур абрўи ту дидаст!?» (саҳ. 311), «Абрўят дод ба мардум зи маҳи ид нишон, Ҳамаро чашм ба наззораи ў ҳайрон шуд» (саҳ. 414), «Рўи ў моҳи тамом, абрўи ў моҳи нав аст, Дидаме ҳар ду, агар дида шудӣ маҳбамаҳаш» (саҳ. 740), «Маҳи нав з-абрўяш худро фузун дид, Ҳамин бошад нишони нотамомӣ» (саҳ. 1192), «Зи нав абрўят сохт шайдо маро, Чунинҳо кунад моҳи нав дар навӣ» (саҳ. 1199) ва ғ. гувоҳи ин иддаоянд. Дар мавқеъҳои дигар Камоли Хуҷандӣ бо воситаи истифодаи тимсоли абрў дар шеър абёти дилпазир ва тасвирҳои шоиронаи нав офаридааст. Чунончи, дар гузашта шуаро чини абрўи ёрро бо таъбирҳои гуногун таъриф кардаанду ба риштаи назм кашидаанд, вале ин байти Камоли Хуҷандӣ бисёр зебо ва дар либоси тоза ба ҷилва меояд:

Чин дар абрў фиканду гуфт: Камол,

Нақши Чин ҷуз барои дидан нест.

Ё ин ки аксаран дар шеър ғамза бо абрў ҷиҳати фитнагарӣ таносуб мешавад, ки яке дар фитна устоду дигар шогирд аст ва ин маънӣ бо латофати хоси Шайх дар шеъри ў зуҳур менамояд:

Гуфтам: «Он ғамзаи шўх аз чӣ зи абрўст фурў?»

Гуфт: «Болотар аз устод дукон натвон сохт».

Бо он ки дар аксар мавридҳо абрў дар шеъри Шайх дар лавну либоси ирфон ҷилвагар шудааст, мавориде ҳам дида шуд, ки танҳо мазмуни айнӣ дорад:

Ду чашму ду абрў, ду зулфат гувост,

Ки нақши ту дар нарди хубӣ шаш аст.

Яке аз хусусиятҳои муҳимми ашъори Камоли Хуҷандӣ, ки бо ҳунари тасвирофарии ў рабт мегирад, бозӣ бо ҳуруф мебошад. Муҳаққиқон «Камол ба ҳуруф ва бозӣ кардан ба он, ки ба сурати ташбеҳӣ сурат мегирад, майли вофире дорад» (Санъатгароӣ, саҳ. 312), гуфта, ин хусусияти шеъри ўро якандоза шарҳ ҳам намудаанд. Аммо ўро аз пайравони мактаби «Ҳуруфия», ки дар замони зиндагии шоир нуфузи чашмрасе доштааст, қаламдод кардан он қадар дуруст нест, ҳарчанд ба ин масъала Раззоқи Қудманон ишораи малеҳе карда, ки «дар ҳамон замоне, ки Камол дар Табрез ба сар мебурда, ин шаҳр дар канори Исфаҳон ва Ҳирот ба унвони яке аз конунҳои умдаи наҳзати «Ҳуруфия» будааст» (Санъатгароӣ, саҳ. 313). То он ҷо, ки мо дар ҷаҳоншиносии Камоли Хуҷандӣ ковиш кардаем ва бо фалсафаи ин мактаби машҳур дар таърих ошно шудем (ниг.: Луғатнома, ҷ.6, саҳ. 8880-8886; зайли «Ҳуруфиён»; Ҳуруфия дар таърих; Ҷунбиши Ҳуруфия ва Хуруфизм), Шайх Камол аз ҳуруф ба ҳайси абзори тасвир дар шеър истифода мекунад ва ин истихдоми ў аз ҳуруф бештар ҷилои ҳунарӣ дорад. Чунончи, ў бо истифода аз абрў ҳам дар ин самт абёте дорад. Мисол:

Даҳонаш ба абрў ба нақши «ман» аст,

Чу «миме», ки дар пеши «нун» омадаст.

Ё ин ки:

Қомате ҳамчун «алиф» дориву абрўе чу «нун»,

Дар ту ҳар оне, ки гуфтанд, аз пайи «он» гуфтаанд.

Чунин истихдоми ҳуруф дар байтҳои бисёре, аз қабили «Ҳамин, ки нақши даҳонаш чу «мим» бандад чашм, Хаёли абрўи ў пеши «ман» чу «нун» ояд» (саҳ. 565), «Дида то «мим»-и даҳону «нун»-и абрўи ту дид, Нақши он бастам ба дил, чун буд ҳар ду нақши «ман» (саҳ. 976) ва «То абрўи ту «нун»-у даҳонат «мим» аст, Чашмам зи хаёли ҳар ду бошад пурнам» (саҳ. 1227) дида мешавад, ки қомати ёр ба ҳарфи алиф, даҳон ба мим, абрў ба нун ташбеҳ мешавад. Дар мавридҳои дигар, аз он  ҷиҳат, ки чунин ташбеҳот дар ашъори Камоли Хуҷандӣ ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтаанд, ҳарфҳо, ки ташбеҳшавандаанд, ҳазф мегарданд. Мисол:

Ақл гуфт: Ар ба ҳусн оне ҳаст,

Он қаду абрўи фалон бошад.

Ё ин ки ҳарфҳои ташбеҳшаванда ҷиҳоти дигаре ба худ касб мекунанд. Масалан, дар байти зерин ҳарфи нун ба сураи «Нун», ки номи дигари сураи «Қалам» аст, иваз шудааст:

Дар намози ишқ пеши қиблаи рухсори ту

«Сураи Нун» хондам, абрўи туам омад ба ёд.

Ба ғайр аз ин, Камоли Хуҷандӣ аз абрў ба ҳайси абзори навиштан низ тасвирофаринӣ кардааст. Яъне, ба ҷуз он ки абрўро ба ҳарфе аз алифбои куҳани мо ташбеҳ бидиҳад, онро ба тарзи навишти ашъор дар китобҳои қадима, ки каҷ ва ё ба тарафе моил навишта мешудааст, шабеҳ карда, менигорад:

Ман агар васфи ду абрўи ту каҷ бинвисам,

Мардумаш з-он ҳаракатҳо ҳама мавзун хонанд.

Абрў дар шеъри Камоли Хуҷандӣ, дар баробари ба мазомини ирфонӣ корбаст шудан ва маонии гуногуни ин равияро дар худ таҷассум кардан, ҳамчун василаи ҳунар ва абзори муодилсозӣ ва ташбеҳофарӣ низ ба кор гирифта шуда, бо корбарии он ибораҳо ва таъбироти шоиронаи зиёде офарида шудааст.

Баҳром Раҳматов,
номзади илмҳои филология,
Директори МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “АБРЎ ДАР ШЕЪРИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ”. Бо корбарии ин калима ибораҳо ва таъбироти шоиронаи зиёде офарида шудааст