Хабарҳо
Қадршиносии ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор - 24.10.2020 10:11
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСП “Зуҳал” ва ҶДММ “Анҳор” - 23.10.2020 16:15
Беҳтарин навоварони олами коинот муайян шуданд - 23.10.2020 13:58
Боздиди​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко" - 23.10.2020 12:06
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод - 23.10.2020 10:12
Ғолибони озмуни вилоятии "Камолхонӣ" қадршиносӣ шуданд - 23.10.2020 10:39
Бунёди 7 толори варзишӣ ва 25 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо - 23.10.2020 10:34
Хуҷанд: Фаъолияти марказҳои дилхушӣ қатъ карда шуд - 23.10.2020 10:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ мулоқот намуданд - 23.10.2020 08:45
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.10.2020 08:39

Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ се китоби нав дастраси хонандагон гардид

( 0 Овоз )

Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар нашриёти “Ношир”-и ДДХ се китоби нав ба нашр расонид.

Китоби аввал “Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ” унвон дошта, аз  маҷмӯи мақолоти олимони ватаниву хориҷӣ дар бораи рӯзгор ва осори Шайх Камоли Хуҷандӣ иборат мебошад. Дар китоб мақолаҳо ва тадқиқоти пурқимати донишмандони фақид, чун устод Садриддин Айнӣ, Азизи Давлатободӣ, Саъдулло Асадуллоев  ва дигар муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ гирд оварда шудаанд. Китоб аз 640 саҳифа иборат буда, зери назари  доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва дар таҳияи адабиётшинос Саидумрон Саидов нашр шудааст.

Китоби дувум бо номи «Камол Худжанди в России: Исследования и переводы» низ бо ташббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода нашр шуд, ки дар таҳияи он профессор Матлубаи Мирзоюнус ва адабиётшинос Субҳон Аъзамзод заҳмат кашидаанд. Китоб аз ду бахши бузург иборат аст. Дар бахши аввал маҳсули пажӯҳишҳои ховаршиносони маъруфи рус роҷеъ ба Камоли Хуҷандӣ — Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский ва дигарон фароҳам омадаанд, ки аз арзишмандтарин асарҳо дар ин заминаанд.

Дар бахши дувум тарҷумаҳои ғазалиёти шоири бузурги тоҷик аз ҷониби тарҷумонҳои хушсалиқа А. Адалис, В. Звягинтсева, В. Потапова, И. Селвинский, Я. Козловский ва М. Синелников ба забони русӣ ва асли тоҷикиашон ҷой дода шудаанд.

Китоби сеюм  “Тӯҳфаи ҷон” ном дошта, зери назари Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона ба табъ расидааст. Дар китоб 40 ғазали шоир аз ҷониби муҳаққиқон Бадриддин Мақсудов, Равшани Ҳамроҳ, Саидумрон Саидов, Тоҷибой Султон ва Баҳром Раҳматзод шарҳ шудааст. Китоби мазкур низ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар нашриёти “Ношир”  чоп шудааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ се китоби нав дастраси хонандагон гардид