Хабарҳо
Қадршиносии ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор - 24.10.2020 10:11
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСП “Зуҳал” ва ҶДММ “Анҳор” - 23.10.2020 16:15
Беҳтарин навоварони олами коинот муайян шуданд - 23.10.2020 13:58
Боздиди​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко" - 23.10.2020 12:06
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод - 23.10.2020 10:12
Ғолибони озмуни вилоятии "Камолхонӣ" қадршиносӣ шуданд - 23.10.2020 10:39
Бунёди 7 толори варзишӣ ва 25 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо - 23.10.2020 10:34
Хуҷанд: Фаъолияти марказҳои дилхушӣ қатъ карда шуд - 23.10.2020 10:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ мулоқот намуданд - 23.10.2020 08:45
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.10.2020 08:39

Нашри китоби «Дафтари ишқ». Тарҷумаи 50 шеъри Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ дастраси хонандагон гардид

( 0 Овоз )

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби навбатӣ бо унвони «Дафтари ишқ» аз чоп баромад.

Китоби мазкур аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва бо ҳамкории Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ таҳия гардида, тариқи нашриёти «Ношир» ба нашр расид. Дар китоб бори аввал тарҷумаи 50 шеъри шоир ба забони олмонӣ манзур гардидааст, ки идомаи мантиқии китоби «Ишқи минӯӣ» мебошад.

Мутарҷими нозуктабъ Александр Ҳайзер кӯшиш кардааст, ки ашъори шоирро ҳаддалимкон ба матни асл наздиктар тарҷума намуда, дар ғазалҳо қолаби бадеии аввалияро ҳифз намояд. Азбаски баргардони низоми арӯзии ғазалиёти Камол ба забони олмонӣ амалан имконпазир нест, ӯ саъй намудааст, то маонии матлубро дар қолабҳо ва авзони дигари шеърӣ ҷой диҳад ва бад-ин василаи хонандаи олмонизабонро бо яке аз бузургтарин шоирони Шарқ ошно намояд.

Китоб ба ғайр аз худи тарҷумаҳо шомили пешсухани директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Олимӣ Рауф Латифзода ва директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов ва муқаддимаҳои профессор Матлубаи Мирзоюнус ва худи мутарҷим Александр Ҳайзер буда, ғазалҳоро ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба хати форсӣ дарбар гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нашри китоби «Дафтари ишқ». Тарҷумаи 50 шеъри Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ дастраси хонандагон гардид