Хабарҳо
Хуҷанд. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 21.10.2020 10:23
Суғд. То имрӯз 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд - 21.10.2020 08:53
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43

Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

27 сентябри соли 2020 дар ноҳияи Спитамен бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи бинои таълимӣ, ки дар асоси созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо саҳми кишвари дӯст бунёд шудааст, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи бинои таълимӣ вазирони маорифи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ёдоварӣ аз сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таъкид доштанд, ки муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо реша дар умқи таърих дорад. Маҳз бо кӯшиши сарони давлатҳо ҳамкориҳои ду давлат ба марҳилаи нав ворид гардида, боиси хушҳолии мардумони ду кишвар гардид.​

Бинои нави таълимӣ дар деҳаи​ Андарсойи Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев ҷойгир буда, сохтмони он моҳи августи соли 2018 оғоз гардида буд. Сохтмон аз тарафи ташкилоти «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба ба маблағи зиёда аз 18 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.

Муассисаи мазкур барои 630 ​ нафар хонанда пешбинӣ гардида, аз 3 ошёна, 28 синфхонаи таълимӣ, хуҷраҳои маъмурӣ, китобхона, ошхона бо 224 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 280 ​ ҷойи нишаст, китобхона, толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ иборат аст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар ноҳияи Спитамен