Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони шаҳри Кӯлоб туҳфа ва кумакҳои моддӣ супориданд - 24.09.2020 07:48
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагӣ ва майдони варзиширо дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41-и шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд - 24.09.2020 07:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»-ро ифтитоҳ намуданд - 24.09.2020 07:40
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» - 23.09.2020 17:55
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Сайҳун” - 23.09.2020 17:04
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.09.2020 16:26
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз ёфт - 23.09.2020 16:07
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - 23.09.2020 16:05
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи “Файзи Расул” - 22.09.2020 16:57
Ба озмун: Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Қадами сиву як бар чӣ самт аст? Сулаймонбеков Аноятбек генерал-майори амният Абдураззоқ Саид журналист, фаъоли ҲХДТ - 22.09.2020 16:45

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Зафаробод»-ро ифтитоҳ намуданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Зафаробод»-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии корхона дидан намуданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Зафаробод дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар корхона моҳи апрели соли 2019 дар асоси нақшаи истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд ва инак дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст. Дар корхона барои коркарди шир 3 деги сетоннагӣ ва 4 деги ду тоннагӣ ҷиҳати пурра омода кардани маҳсулотҳои тайёр мавҷуд мебошад.

Корхона дорои ду сардхона барои нигоҳдории маҳсулот буда, истеҳсолоти он тавассути ду адад воситаи нақлиёти махсус ба нуқтаҳои фурӯш дастрас мегардад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Зафаробод” 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иқтидори истеҳсолии «Шири Зафаробод» дар як шабонарӯз аз 5 то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баланд мебошад.

Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи «Шири Зафаробод» дар зарфҳои 200, 300, 400 ва 500 грамма асосан дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Шири корхона аз аҳолӣ дастрас мегардад ва бо ин мақсад 5 адад воситаи нақлиёт ҷудо гардида, дар ду деҳоти ноҳияи Зафаробод нуқтаҳо барои ҷамъоварии он ташкил карда шудааст.

Маҳсулоти дастрасшуда ба корхона дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, қабл аз коркард мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад.

Яке аз навгониҳои дигар дар ин корхонаи истеҳсолӣ таъсис додани ҳуҷраи тамизкунии сару либоси кормандон қабл аз ворид шудан ба коргоҳи истеҳсолӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра ба раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи зиёд ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Масъулини корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша доранд, ки дар оянда Коргоҳи истеҳсоли панирҳои ҳолландиро низ таъсис диҳанд ва боз 20 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.

Зимни муаррифии лоиҳаи коргоҳи нав иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави саноатӣ дар масоҳати 250 метри мураббаъ сохта мешавад ва ҳадаф аз ин иқдом таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Зафаробод»-ро ифтитоҳ намуданд