Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Мулоқоти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон

( 0 Овоз )

Тавре қаблан хабар дода будем, гуруҳи калони аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июл то 3 августи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир менамоянд.

Дирӯз дар чанд шаҳру ноҳияи вилоят чунин мулоқотҳо доир шуданд. Аз ҷумла, дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкуннадагон сурат гирифт. Гулбаҳор Назирӣ зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи интихобкунандагонро ба яке аз масъалаҳои рўзмарра - пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии короновирус ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали хуруҷи пандемияи коронавируси COVID -19 дар ҷаҳон вобаста ба пешгирии паҳншавии ин вабо ва кам кардани таъсири манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ»-ро мавриди иҷро қарор додааст. Яке аз тадбирҳои муҳим дар доираи нақшаи чорабиниҳои зикршуда дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон ва табақаҳои аҳолии осебпазир, инчунин таъминоти иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ дар кишвар мебошад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки иқдоми саривақтӣ ва хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

Дар ноҳияи Спитамен вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло бо кормандони соҳаи маориф суҳбат орост.

Дар ноҳияи Мастчоҳ бошад узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода бо сокинон вохӯриҳо доир намуд.

Мурод Шукурзода дар аснои мулоқотҳо таваҷҷӯҳи аҳолиро ба омодагӣ ба фасли зимистон, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб кард.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон