Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Исфара. Ғолибони​ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян гардиданд

( 0 Овоз )

​Дар шаҳри Исфара даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд.​

Дар озмун довталабони синну соли гуногун ширкат варзида,​ осори адибони муосири тоҷик, осори адабиёти ҷаҳон ва аз ашъори бачагона шеъру ғазалҳои азёдкарда, асарҳои хонда ва шеърҳои тозаэъҷодашонро қироат намуданд.

Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик Гулҷаҳон Икромова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик Зайнуриддин Заҳайризода, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик Фотима Деҳқонова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон Шаҳнавоз Акрамова ва дар бахши шоирӣ Абдураҳмон Авезов бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд.

Аъзои ҳакамон бо изҳори қаноатмандӣ аз лаёқат ва дониши довталабон ба сатҳи ташкили озмун баҳои баланд доданд.

Ҳамаи ғолибони даври шаҳрии озмун барои иштирок дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Ғолибони​ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян гардиданд