Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

( 0 Овоз )

20 июл дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат вазъи корҳои саҳроӣ, рафти иҷрои нақшаи кишти такрории зироатҳо, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ ба масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаи кишти такрорӣ, кишту парвариши картошка, воридсозиву интихоби тухмиҳои серҳосил, таъмин намудани заминҳои кишт бо оби полезӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии ғалладонагиҳо, захираи маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани гармхонаву сардхонаҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар назди масъулин инчунин барои омода намудани соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба давраи тирамоҳу зимистон, таъмини фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ, таъмини  хонандагон бо либоси мактабӣ, омодагӣ ба соли нави хониш, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои безараргардонӣ, вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода