Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Дар вилояти Суғд 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити муосид барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми нимсолаи якуми соли 2020 дар вилоят 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ буда, 16 адади дигар майдончаҳои варзишӣ мебошад. Иншооти зикршуда бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ аст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар вилояти Суғд 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд