Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

МАВҶИ ДУЮМИ КОРОНАВИРУС. Дар кадом кишварҳо дубора карантин ҷорӣ карда мешавад?

( 0 Овоз )

Тавре қаблан хабар додем, дар Тоҷикистон ба Кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки дар асоси онҳо барои гаштугузор бидуни ниқоб, паҳн кардани маълумоти нодуруст дар бораи пандемияи COVID-19 ҷавобгарии маъмурӣ ва барои қасдан бо ин беморӣ сироят намудан ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, барои надоштани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва риоя накардани масофаи иҷтимоии ду метр, вайронкунандаи тартибот ба маблағи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 116 то 290 сомонӣ ё 11-28 доллар) ҷарима пешбинӣ шудааст. Барои паҳн намудани маълумоти носаҳеҳ ё нодуруст дар бораи пандемия тавассути ВАО ё шабакаҳои иҷтимоӣ, барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (580-1160 сомонӣ ё $ 57-113), барои шахсони ҳуқуқӣ — аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (8.7 ҳазор — 11.6 ҳазор сомонӣ, ё $ 850-1130) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Барои қасдан паҳн кардани бемории сироятӣ дар моддаи 207 Кодекси ҷиноятӣ («Вайрон кардани меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва зидди эпидемӣ») акнун ҷазо дар шакли аз озодӣ маҳрум намудан ба муҳлати аз ду то панҷ сол ва дар сурати такроран содир намудани ҷиноят – муҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ хоҳад шуд.

Тавре аз Вазорати адлияи Тоҷикистон ба мухбири мо шарҳ доданд, чораҳои мазкур ҷиҳати пешгирии мавҷи дуввуми коронавирус андешида шудаанд. Гап сари ин аст, ки пас аз ним соли оғози пандемияи коронавирус, аксари кишварҳо қисмати асосии чораҳои карантиниро бекор намуданд, аммо вирус ҳамоно густариши худро дар ҷаҳон идома медиҳад, дар баъзе кишварҳо вазъи вобаста ба шумораи сироятёбӣ боз шиддат гирифтааст. Ва шаҳрҳо бо зарурияти барқарор намудани чорабиниҳои карантин дучор мешаванд.

Ба тавзеҳи АМИТ «Ховар» дар бораи дар кадом кишварҳо бо сабаби мавҷи дуюми коронавирус карантин ҷорӣ карда мешавад, таваҷҷуҳ фармоед.

Австралия

Шаҳри Мелбурн, ки тақрибан 5 миллион аҳолӣ дорад, дар давоми шаш ҳафтаи оянда дар ин ҳолат карантин қарор хоҳад дошт. Ин қарор дар заминаи афзоиши босуръати ҳолатҳои сироятёбӣ бо коронавирус дар иёлати Виктория қабул шуд. Аз ҷумла, як шабонарӯз пеш аз эълони чорабиниҳо шумораи сироятёфтагон дар ин минтақа 191 нафар зиёд ва ба 2824 нафар расид. Маҳдудиятҳо ба баромадан барои хариди хӯрокворӣ, боздид аз муассисаҳои таълимӣ, инчунин ба ҳолатҳои муроҷиат намудан барои кумаки тиббӣ ва ба дар ҳавои озод варзиш намудан дахл надоранд.

Дар айни ҳол, ба шаҳрвандон иҷоза дода намешавад, ки ҳудуди Мелбурн ва ноҳияҳои атрофи онро тарк намоянд, дар роҳҳо дидбонгоҳҳои политсия гузошта шудаанд ва дар байни шаҳр ва қисматҳои дигари иёлат “марзи мустаҳкам” муқаррар шудааст.

Исроил

Бо сабаби зиёд шудани шумораи одамони бо коронавирус сироятёфта дар кишвар, дубора маҳдудиятҳои вобаста ба теъдоди иштирокчиёни маҷлисҳо нофиз шуданд. Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки фавран толорҳои варзишӣ, барҳо, клубҳо ва толорҳои тантанаҳо баста шаванд. Илова бар ин ҳукуматдорон ният доранд, ки назорати риояи меъёрҳои санитариро дар соҳилҳои барои оббозӣ ихтисосёфтаи кишвар пурзӯр намоянд. Афзоиши шабонарӯзии сироятёфтагон дар Исроил дар охири моҳи май шурӯъ гардид. 6 июн 160 ҳолати сироятшавӣ бо коронавирус, 23 июн — 460, 29 июн — 637, 2 июл – 1026 ҳолат ошкор ва сабт шудааст.
Дар охири моҳи июн, ҳукумати Исроил ҳаҷми ҷаримаро барои одамоне, ки дар беруни хона ниқоб надоранд, зиёд кард.

Испания

Мавҷи дуввуми сироятёбӣ дар Испания: дар 48 соати охир тақрибан 300 ҳазор нафар сокинони ин кишвар карантин карда шудаанд. Пас аз як шабонарӯзи ҷорӣ намудани карантини шадид дар яке аз ноҳияҳои атрофи Каталония, рӯзи душанбе чунин чораҳо нисбати 70 ҳазор сокинони Галисия низ нофиз шуданд.

Ин дар ҳолест, ки Мадрид расман таъкид мекунад, ки дар маҷмӯъ вазъи эпидемиологӣ дар кишвар таҳти назорат аст. Карантин дар Галисия ҳадди аққал то охири ҳафтаи равон идома хоҳад ёфт.

Қазоқистон

Табибони Қазоқистон дар тӯли шабонарӯзи гузашта қариб ду ҳазор ҳолати бо коронавирус сироят ёфтан, аз ҷумла беморони бенишонаро ошкор намуданд. Президенти Қазоқистон Қасым-Жомарт Тоқаев изҳор нкард, ки мавҷи дуввуми эпидемия дар кишвар оғоз шудааст ва аз сокинон даъват намуд, ки ба таҳлука ва воҳима наафтанд.

Комиссияи давлатии кишвар тасмим гирифт, ки аз 5 то 14 июл чораҳои вобаста ба карантинро пурзӯр намояд. Барои ду ҳафта кори салонҳои ороишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, бозорҳои пӯшонидашудаи маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ, ҷойҳои оббозӣ, паркҳои обӣ, осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, конфронсҳо, кӯдакистонҳо, масҷидҳо, калисоҳо, кинотеатрҳо ва ошхонаҳои дохили марказҳои тиҷоратӣ масдуд хоҳанд буд.

80% хизматчиёни давлатӣ фаъолияти худро ба таври фосилавӣ идома хоҳанд дод. Муассисаҳои тиббӣ қабули беморонро тибқи сабти пешакӣ идома медиҳанд. Дорухонаҳо, бозорҳои кушода ва мағозаҳои хӯрокворӣ фаъол хоҳанд буд.

Чорабиниҳои оммавии кӯчагӣ ва оилавӣ манмнӯъ шудаанд. Машғулияти инфиродӣ дар кӯча мумкин аст. Гашту гузор дар боғҳо ва гулгаштҳо се нафарӣ маҷоз аст. Фаъолияти шипангҳои тобистона, сохтмонҳо ва марказҳои хидматрасонӣ дар ҳавои кушод идома хоҳад ёфт.

Кори автобусҳои мусофиркаши байнишаҳрӣ боздошт ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд карда мешавад.

Каталония

Мақомоти ин кишвар пӯшидани ниқобҳоро ҳатмӣ мекунанд. Ин қоида аз 9 июл дар тамоми минтақа ҷорӣ мешавад. Аз 4 июл ҳукумати худмухтори Испания, инчунин дар минтақаи Сегрия (вилояти Лейда), ки зиёда аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад, бо сабаби зиёд шудани шумораи мубталоёни коронавирус карантинро ҷорӣ намуд. Вайронкунандагони чораҳои карантинӣ то 600 евро ҷарима хоҳанд шуд.

Қирғизистон

Дар Бишкек бо сабаби бад шудани вазъи вобаста ба коронавирус, дубора карантин пурзӯр карда шуд: сар аз 1 июл чораҳои маҳдудкунанда ва манъкунанда роҳандозӣ шуданд.

Аз ҷумла, муниципалитет фаъолияти қаҳвахона ва тарабхонаҳо, мағозаҳо ва бозорҳо, боғҳо ва хиёбонҳо, нақлиёти ҷамиятӣ ва таксиҳоро муваққатан маҳдуд намуд (дар рӯзҳои корӣ онҳо саҳарӣ аз 07:00 то 10:00, шом — аз 17:00 то 21:00, дар рӯзҳои истироҳат воситаҳои нақлиёт кор намекунад). Кори клубҳо ва барҳо, инчунин иншооти фароғатии кӯдакон, майдонҳои футбол ва майдончаҳо варзишӣ манъ шудааст.

Сарвазири Қирғизистон Кубатбек Боронов, дар пасманзари хуруҷи COVID-19 дар кишвар, дастур додааст, ки ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ аз рухсатиҳои худ бозхонд шаванд, хабар медиҳад РИА “Новости” бо истинод ба хадамоти матбуоти ҳукумати ҷумҳурӣ.

“Зарур аст, ки ҳама кормандони тиб, ки дар рухсатии меҳнатӣ мебошанд бозхонд шаванд. Ин дастурро сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии ситоди фарии ҷумҳуриявӣ содир намудааст”, — гуфта шудааст дар изҳороти дафтари матбуоти Боронов барои ВАО.

Сербия

Дар Белград дубора соати комендантӣ ҷорӣ мешавад. Президенти Сербия Александр Вучич эълон намуд, ки дар пойтахти кишвар сар аз шоми 10 июл то субҳи 13 июл соати комендантӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар Белград, ки дар он вазъи эпидемиологӣ ниҳоят вахим аст, ҳолати фавқулода эълон шудааст. Дар шаҳр ҷаласаҳо ба теъдоди беш аз панҷ нафар манъ шудаанд. Бинобар зиёд шудани шумораи сироятёфтагон артиши Сербия дар ҳудуди маҷмааи фарҳангӣ — варзишии пойтахти «Штарк Арена» беморхона ҳарбиро бо 500 кат ҷойгир кард, ки он аз 4 апрел то 9 май ҳамчун беморхонаи муваққатӣ фаъолият мекард.

Ба асоси маълумоти табибон, мавҷи дуюми пандемия дар кишвар бо хусусиёти мураккаби клиникии худ ва зиёд будани шумораи ҷавонон дар байни сироятёфтагон фарқ мекунад. Беморхонаҳои пойтахт ва шаҳрҳои бузург аз беморон пур мебошанд. Аз гуфтаи Вучич, ҳукуматдорони кишвар интизор доран, ки мавҷи шадидтарини коронавирус дар моҳи ноябр фаро хоҳад расид. Дар пойтахти кишвар бо сабаби нофиз шудани қарор оид ба ҷорӣ намудани соати комендантӣ дар Белград бетартибиҳо сар заданд.

Дар ҳамин ҳол, пас аз он ки ҳукумат эҳтимоли дубора ворид намудани чорабиниҳои карантиниро бо сабаби густариши бемории COVID-19 эълом дошт, дар Сербия ду рӯз боз эътирозҳои зиддидавлатӣ идома меёбанд.

Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон аз 10 июл то 1 август чораҳои шадиди карантинӣ ҷорӣ карда мешаванд. То 8 июл, соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ дар Ӯзбекистон 10838 ҳолти сироятёбӣ бо коронавирус сабт шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

Дар шабонарӯзи гузашта дар кишвар 379 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 ошкор гардид, 386 нафар беморони короновирус шифо ёфтанд ва 4 бемор фавтид.

Афзоиши ҳолатҳои нави сироятшёбӣ бо коронавирус пас аз бардоштани маҳдудиятҳо дар моҳи май оғоз ёфт. Дар кишвар ҳаракати нақлиёт маҳдуд ва бозорҳои маводи ғайриғизоӣ, боғҳо, марказҳои саломатӣ, лагерҳои тобистонаи кӯдакон, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо баста мешаванд. Гузаронидани тамоми чорабиниҳо манъ аст, ба корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, тавсия шудааст, ки то ҳадди имкон фаъолияти кормандонро бо шакли фосилавӣ ташкил ва кормандонро ба рухсатӣ фиристанд.

Инчунин, аз 10 июл гузаронидани тамоми чорабиниҳои фароғатӣ, арӯсӣ, оилавӣ ва ҳузури шахсони аз 65-сола боло дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шудааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд МАВҶИ ДУЮМИ КОРОНАВИРУС. Дар кадом кишварҳо дубора карантин ҷорӣ карда мешавад?