Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Гулистон. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 129 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд​

( 0 Овоз )

Дирӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 муовини якуми раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давоми шаш моҳи соли 2020 қисми даромади буҷети давлатӣ 100,7 фоиз ва нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 109,3 фоиз иҷро гардид.

Дар ин давра​ ба иқтисодиёти шаҳр​ 91,3 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид, ки​ аз он 46,9 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 44,4 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта инвеститсияи дохилӣ 2,2 маротиба зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2020 ба маблағи 1 миллиарду 244,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,1% то ба 3,6 маротиба зиёд таъмин намуда, 64 номгӯи маҳсулотро истеҳсол намуданд.​

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи​ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр дар давоми ду сол 129 иншооти ҷашнӣ ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.​ Ҳамзамон, дар натиҷаи корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сокинони саховатманд дар ин муддат зиёда аз 70 иншооти иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Хадамоти матбуоти​

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Гулистон. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 129 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд​