Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Исфара. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 125 миллиону 832,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид

( 0 Овоз )

8 июл дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода ва бо ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 6 моҳи сипаригаштаи соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре гуфта шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сафарбар намуда, пешравии нишондиҳандаҳои асосиро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин намуд.

Дар давраи ҳисоботи маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 173,2 млн. сомониро ташкил намуда, 31 корхонаҳои саноатӣ суръати афзоишро нисбат ба соли гузашта зиёд намуданд ва дар 14 корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт.

Мавриди зикр аст, ки корхонаҳои коркарди маҳсулоти консервагӣ, коркард ва банду басти меваи хушк фаъолияти худро вусъат бахшида, ба иҷрои барзиёди нақшаҳои истеҳсолӣ муваффақ шуданд.

Дар 6 моҳи соли равон кишоварзони шаҳр барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 125.832,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 101,6 фоиз таъмин гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 125 миллиону 832,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид