Хабарҳо
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41

Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуда, ба ифтихори рӯзи милодаш таҳният гуфтанд.

Раиси вилоят аз хизматҳои шоёни Баҳриддин Ахмедов ёдовар шуда,  аз ҷумла таъкид дошт, ки мавсуф дар солҳои фаъолият дар комиҷроияи вилоятӣ ҳамчун ходими ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳим, рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар ҷабҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки маҳз бо заҳмату кӯшишҳои Баҳриддин Ахмедов ба ҳайси котиби комиҷроияи Шӯрои депутатҳои вилоят рафти корҳои ташкилии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои он дар сатҳи баланд баргузор шуда буд. Саҳми ӯ дар пешрафти маънавиёту иқтисодиёти ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол басо назаррас мебошад.

Таъкид шуд, ки хизматҳои хоксоронаи ин абармард бо ордену медалҳои олӣ, унвони фахрии «Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон» қадр карда шудааст. Шогирдони ин шахси наҷиб дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Сипас, Баҳриддин Ахмедов миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхориашон ба ашхоси бознишаста расонида, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки баҳри ободии Ватани азиз боз ҳам бештар саъю талош варзанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд