Хабарҳо
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41

Ситоди сайери вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Раиси вилоят гузаронда шуд

( 0 Овоз )

Дар саҳни боғи навбунёди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «COVID-19» Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи Ситоди шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқук, воҳидҳои сохторӣ, вакилони вилоятӣ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода ҷаласаро оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти давлатӣ дар маҳаллҳо ҷиҳати мубориза беамон алайҳи бемории сироятии нави короновирус тамоми тадбирҳо роҳандозӣ гардидааст, бо вуҷуди тамоюли камшавии ин бемори дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он моро зарур аст, ки ин раванд мубориза дастҷамъона идома бахшем.

Сипас, Маъруф Муҳаммадзода Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «COVID-19» Маъруф Муҳаммадзода доир ба корҳои анҷомдода ҳисобот дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Роҳбарияти вилояти Суғд тамоми чорабиниҳои зарурии ташкилиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии пандемияи коронавирус “СOVID-19” андешида истодааст. Вобаста ба ин, дар назди Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ситоди доимоамалкунанда аз ҳисоби мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуда, ҳамарўза корбарӣ намуда истодааст. Телефонҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии коронавирус “Ковид-19” шабонарўзӣ фаъол буда, инчунин дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳр навбатдории шабонарўзӣ ташкил карда шуда, тариқи телефонҳои боварӣ ба шаҳрвандон хизмат расонида истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрўз аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ зиёда аз 350 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои харидории воситаҳои фардии муҳофизатӣ ва маводҳои безараргардонӣ 100 ҳазор сомонӣ ва барои харидории корҷомаҳои муҳофизатӣ 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, аз худ карда шуд. Айни ҳол дар маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд миқдори зарурии маводҳои зарурии безараргардонӣ захира карда шудааст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ҳамарўза дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр, бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ корҳои безараргардонию профилактикӣ гузаронида шуда истода, инчунин дар ҳамаи хонаводаҳои он шахсоне, ки гумонбар ба бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шудаанд ва ё фавтидаанд ба пуррагӣ безарар карда шуда истодааст. То имрўз тамоми микроноҳияҳои 3, 8, 12, 31, 32, 33, 34, хиёбони Исмоили Сомонӣ, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, маҳаллаҳои Чашмаи Арзана, Пахтакор, Бофанда, кўчаҳои Қосим Собиров, Камоли Хуҷандӣ, Фирдавсӣ, Содирхон Ҳофиз, Гагарин, 60-солагии Ғалаба, Шарқ, Сирдарё, ҳамчунин таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ва 2, тамоми марказҳои саломатии шаҳр, корхонаву ташкилотҳо ба пуррагӣ тариқи маводҳои кимиёӣ безарар гардонида шуда, дар ин самт корбарӣ идома дорад. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби Корхонаҳои истифодабарии манзили соҳили чап ва рости шаҳр дар бинҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда истода, ҷиҳати ҷоннок намудани кор ба 22 маҳаллаҳои шаҳр барои гузаронидани корҳои безараргардонии кўчаҳои байни маҳаллаҳо таҷҳизоти Автомакс харидорӣ ва тўҳфа карда шуд. Дар давоми як моҳи безараргардонӣ ба миқдори 3500 килограмм маҳлули безараргардонии гипохлориди натрий, 120 килограмм гипохлориди калсий, 5000 литр гипохлориди натрии 10% истифода гардида, зиёда аз 1 миллион метри мураббаъ кўчаву хиёбонҳо, 108 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва 84 ҳазор метри мураббаъ даромадгоҳҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба пуррагӣ безарар гардонида шуданд.

Зикр гардид, ки дар 53 участкаҳои интихоботӣ бо ҷалби мутахассисони тибби оилавӣ ва масъулини соҳа нуқтаҳои қабули шаҳрвандон ташкил карда шуда, ҳамарўза ба ин нуқтаҳо аз 150 то 200 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда истода, ба онҳо вобаста ба ин ё он беморӣ сари вақт ёрии амалии тиббӣ расонида шуда истодааст. Дар боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои серодами шаҳр, аз ҷумла Боғи Камоли Хуҷандӣ, Боғи ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Боғи ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дар Маркази шаҳр баландгўякҳо бо пахши барномаҳои радиои маҳаллӣ ташкил карда шуда, ҳамарўза дар ҳар 15 дақиқа ба шунавандагон тавсияҳои мутахассисони тиб оиди пешгирии бемории ҳамагири “Ковид-19” расонида шуда истодааст. Чунин роликҳои тарғиботӣ инчунин дар марказҳои калони савдо ва бозорҳо низ ташкил карда, ба самъи сокинон расонида шуда истодааст.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз як қатор масъулини дахлдор аз ҷумла, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, муовини сардори Раёстаи тандурустии вилоят, сардори Хадамоти назорати хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии вилояти Суғд, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру вилоят ва дигарон пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати вусъат додани корҳо, самаранок ба роҳ мондани мубориза алайҳи бемороии короновирус дар байни аҳолӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар ҷараёни ҷаласа таваҷҷуҳи асосӣ ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ба корандозии корхонаҳои саноатӣ бо риояи корҳои беҳдоштӣ, фаъолгардонии саҳми раисони маҳаллаҳо баҳри мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ, ҷалби вакилони шаҳриву вилоятӣ ба амалҳои хайру савоб, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, нақши ҷавонон дар саҳмгузорӣ ба ободии Ватан ва ғайра дода шуда, таъкид гардид, ки имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд. Мо бояд ба онҳо ҳамешагӣ кӯмаку ғамхорӣ зоҳир намоем.

Раҷаббой Аҳмадзода дар анҷоми ҷаласа зикр дошт, ки зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми коронавирус аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намуд. Вале хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста – оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд. Аммо барои аҳолии кишварҳое, ки дертар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо то расидан ба авҷи беморӣ ва баъдан коҳишёбии он фурсати муайян лозим аст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар муроҷиатҳои худ ба сокинони мамлакат доир ба вазнин будани оқибатҳои ин бемории сироятӣ изҳори назар карда, зикр дошта буданд, ки ҳар як шахс, аз хурд то бузург бояд қоидаҳои беҳдоштиро дар ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд ва худро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин дорад.

Мутмаъинем, ки сокинони шаҳри Хуҷанд низ ин меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ситоди сайери вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Раиси вилоят гузаронда шуд