Хабарҳо
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41

Тӯҳфаи Раиси вилояти Суғд ба оилаҳои намунавии шаҳри Конибодом

( 2 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ гардидани оилаҳои беҳтарин боиси сарфарози мардуми шарифи вилоят гардид.

Дар қатори оилаҳои беҳтарину намунавии вилоят се ҷуфт оилаҳои беҳтарини шаҳри Конибодом - оилаи 40 солаи Алиев Абдуллоҷон ва Зоирова Мавҷудахон, оилаи 40 солаи Обидов Иномхон ва Обидова Кибриёхон, оилаи 30 солаи Шарипов Пулодҷон ва Эсанова Гулрухсор низ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд бо тӯҳфаҳо ва номаи шодбодии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ гардиданд.

Дар айёми расонидани табрикоти Раиси вилоят дар симои ин оилаҳо нишоту хурсандии беканорро худ эҳсос намудам ва муваззаф ҳастам миннатдории онҳоро расонам. Бонувони сарбаланди шаҳрамон, ки тӯли солиёни зиёд дар самти тарбияи насли наврас ва барқарории оилаҳои ҷавон сарукор намудаанду то имрӯз дар ин самт фаъолияти пурсамар доранд. Иброз доштанд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос новобаста аз серкорӣ ва ҳалли муаммоҳои мардум вобаста ба саломатии омма, муҳтарам Раиси вилоят моро бо Рӯзи оила табрик намудаанд ва ин таваҷҷӯҳ моро руҳбаланд намуда, водор месозад, ки минбаъд низ бо дарки масъулияти дучанд боз ҳам фаъолиятамонро ҷоннок намоем. Дасти дуо кушода ба халқи азизамон саломативу сарбаланду ва офияту рӯзгори пурфайзро таманно карданд.

Кулли бонувони шаҳри Конибодом минбаъд низ дар раванди бартарафсозии ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа ва муаммои имрӯза пешгирии паҳншавии бемориҳоии сироятӣ ва ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ташвиқ намудани шаҳрвандон ҳамарӯза самаранок фаъолият хоҳанд намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тӯҳфаи Раиси вилояти Суғд ба оилаҳои намунавии шаҳри Конибодом