Хизмат ба Ватан — қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст!

( 0 Овоз )

Сарафроз Музайянов- писари комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом, полковник Ҳоҷӣ Музайянзода ихтиёран барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гуфтанд: «Роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аъзои Ҳукумат ва вакилони Парлумон, то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намуна бошанд. Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд».

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандӣ дар қатори ҷавонписарони дигар минтақаҳои мамлакат як гурӯҳ ҷавонони шуҷои шаҳри Конибодом низ ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ сафарбар шуданд.

Яке аз ин ихтиёриён – даъватшавандагон Сарафроз Музайянов, писари комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом мебошад, ки ихтиёран ва дар асоси насиҳатҳои падари худ, полковник Ҳоҷӣ Музайянзода ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст.

Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ин иқдоми комиссари ҳарбии шаҳр ва писари ӯ Сарафрозро, ки хатмкардаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад, барои дигар ҷавонон намунаи ибрат арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки барои ҳар як ҷавон хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ин қарзи шаҳрвандӣ, мактаби мардонагӣ ва диловарӣ  мебошад.


Share