Моҳи июн конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Камоли сухан» баргузор мегардад

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси маҳфили адабии «Зарафшон» ва Муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ моҳи июни соли равон бахшида ба 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ ва ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Камоли сухан» баргузор мегардад.

Тавре аз кумитаи тадорукот оид ба гузаронидани конференсияи илмӣ-адабӣ хабар доданд, хоҳишмандон метавонанд дар ҳамоиши илмӣ ширкат варзанд. Иштирокчиёнро зарур аст, ки навиштаҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар ҳаҷми то 8 саҳифа то санаи 16 май ба почтаи электронии  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ирсол намоянд. Таҳқиқоти илмӣ бояд паҳлуҳои таҳқиқнашудаи рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандиро дар бар бигиранд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Share