Корхонаҳои «ММК» ва​ «Сахо ва К» истеҳсоли маводи гигиениву антисептикиро ба роҳ монданд

( 0 Овоз )

Бо мақсади пешгирии сирояти короновируси навъи COVID-19 корхонаҳои саноати хӯроквории ҷумҳурӣ, аз қабили ҶДММ «ММК»-и шаҳри Хуҷанд ва​ ҶДММ «Сахо ва К»-и шаҳри Гулистон истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳолати зарурӣ корхонаҳои истеҳсолии мамлакат имконият доранд сокинонро пурра бо маводи гигиениву антисептикӣ таъмин намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки эълон гардидани вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ нисбат ба хуруҷи бемории коронавирус аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ андешидани тадбирҳои иловагиро вобаста ба гузаронидани амалиёти зиддиэпидемикӣ тақозо менамояд.

Вобаста ба ин,​ Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти коронавируси COVID-19 ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардидааст.

Share