Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

( 0 Овоз )

Дар шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Ашт ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 19 млн. 439 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсолот 126,3% таъмин гардид. Дар ин бора зимни маҷлиси фаъолони ноҳия, ки имрӯз, 12 июл доир шуд иттилоъ дода шуд.

Бино ба иттилои Маҳмудзода Ҷамшед, муовини раиси ноҳия оид ба масъалазои иқтисодӣ аз 11 корхонаву коргоҳи саноатии ноҳия 10 ададашон фаъолият намуданд ва аз онҳо 7 корхонаву коргоҳ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.

Суръати афзоиши истеҳсолот дар ҶСК «Намаки Ашт» - 121,2%, ҶДММ «Рахшона » - 173,5%, ҶДММ « Пайванд ва Дӯстон » - 160,8 %, ҶСП “Марҳамат”-104,7%, КИ «Зарнигор» - 102,9 %, ҶДММ “Аштфрукт” – 128,5% ва ҶДММ “Иброгим”-115,0% таъмин карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share