Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ” ҷашн гирифта мешавад

( 0 Овоз )

1 июни соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и маркази вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои идона баргузор мешавад.

Дар ин рӯз ҷиҳати хотирмон гузаронидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки кӯдакону наврасон барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода хоҳад шуд.

Дар Боғи фарҳангию фароғатии “Наврӯзгоҳ” гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, бозиҳои варзишӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби вилоят – ғолибон ва иштирокдорони озмунҳои “Техникони наврас”, “Бозёфт”, “Дастони моҳир”, “Шаҳри ояндаи ман”, “Ихтироъкори беҳтарин”, аъзои маҳфилҳои адрасбофӣ, гилембофӣ ва гулдӯзӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар чорабиниҳои идона хонандагони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳо, ятимони кулл ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ низ иштирок менамоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share