Даҳаи аввали моҳи октябр 20 – солагии таъсисёбии рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин бора Қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 сентябри соли 2013, № 210 ба тасвиб расидааст.
Рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Суғд ба ҳисоб рафта, шумораи нахустини он санаи 1 июли соли 1993 аз чоп баромадааст.
Ҳамакнун ин рӯзнома бо теъдоди 2 ҳазору 500 нусха, ҳафтае ду маротиба бо забони ӯзбекӣ ба нашр мерасад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд