Хабарҳо
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 14.05.2021 10:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 12.05.2021 19:13
Ба 316 нафар аробачаҳои маъюбӣ супорида шуд - 12.05.2021 11:58
Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик намуд - 13.05.2021 10:31
Кӯмаки мардуми Мастчоҳ ба сокинони зарардидаи Исфара - 12.05.2021 10:49
Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Абдушукур Назаровро бо рўзи милодаш табрик гуфт - 12.05.2021 09:54
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр - 12.05.2021 09:13
Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон - 12.05.2021 09:10
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд - 12.05.2021 09:05

Навиди Суғд


Кӯмаки мардуми Мастчоҳ ба сокинони зарардидаи Исфара

( 0 Овоз )

Мардуми Мастчоҳ чун дигар сокинони шаҳру навоҳии кишвари азизамон дар пайравӣ ба ташаббус ва иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯмаки сокинони Исфарамарз расиданд.

Дирӯз, 11 майи соли равон низ бо ибтикори роҳбарияти ноҳия ва дастгирии самимонаи мардуми Мастчоҳ корвони кӯмакҳои мардумӣ ба деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри бостонии Исфара ворид шуд.

Корвони мазкур, ки дар арафаи Иди саиди Фитр ба  кӯмаки мардуми зарардида шитофт, асосан ҳомили масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ мебошад.

Тибқи иттилои нашрияи маҳаллии «Нигоҳи халқ» барои барқарор кардани як қисм хонаҳои харобшудаи сокинони деҳа 20 ҳазор хишти пухта, 15 тонна семент, 2 ҳазор хишти бетонӣ, 8 куб тахта, 160 дона шифер, 75 кг мех, 20 дона фанер ва ба оилаҳои осебдида туҳфаҳои идона иборат аз гилему курпача, орду равған ва  биринҷу макарон дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои масъулин ин корвони  охирини кӯмакҳои мардумӣ набуда, роҳбарият ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша барои дастгирии моддиву маънавии  мардуми зарардидаи манотиқи марзӣ омода ҳастанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Соҳибкор аз шаҳри Истаравшан - Баҳриддин Дадоев ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ кӯмак расонид

( 0 Овоз )

Дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор аз шаҳри Истаравшан Баҳриддин Дадоев ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ кӯмак расонид.

Аз ҷониби Баҳриддин Дадоев ба сокинони деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониён ба маблағи беш аз 50 ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған ва макарон дасраст карда шуд. Соҳибкори ватандӯст зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки “баъди он воқеаҳое, ки дар марз рух дод, худро вазифадор донистам, ки ба зарардидагон кӯмаки худро расонамБародарону хоҳарони исфарагӣ хуб донед, ки мо ҳамроҳи шумо ҳастем. . Зеро “банӣ одам аъзои якдигаранд”.

-Мо тарафдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва давлати мо ҳеҷ вақт ҷонибдори ҷанг нест. Мо мехоҳем, ки бо ҳамсоягонамон робитаи хуб дошта бошем ва ҳамаи мушкилот бо роҳи музокирот ҳал гардад,- илова кард соҳибкор.

Ин амали соҳикбор шоистаи пайравӣ буда, кӯмаки саривақтии ӯ ба зарардидагон намунаи ибрат аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Дар муассисаҳои иҷтимоӣ бахшида ба Иди Рамазон чорабиниҳои идона доир мешаванд

( 0 Овоз )

13 май бахшида ба Иди Рамазон дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона доир мешаванд.

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи роҳбарияти вилоят чорабиниҳо дар 22 муассиса, аз ҷумла мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кӯдакон баргузор шуда, ба беш аз 1800 нафар бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ дастурхони идона ороста мешавад.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорабиниҳо ширкат варзида, номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди саиди Фитрро ба бошандагони муассисаҳо мерасонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Ҳамсоя аз хеши дур беҳ

( 0 Овоз )

Корвони иборат аз 28 мошини пурбор бо кӯмаки моддии сокинони ҳамсояшаҳри Конибодом ба аҳолии дар муноқишаҳои сарҳадӣ зарардида вориди Исфара гардид.

Конибодомиҳо дар пайгирӣ аз анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркуҳ ва Ворух, ки аз низои мусаллаҳона зарар дидаанд,ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаи санаи 29 апрел рухдода дасти мадад дароз намуднд.

Намояндагони ҳамсояшаҳри Конибодом таҳти сарварии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Акмал Ализода аз номи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода омодагии хешро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои марзӣ иброз дошта, таъкид намуданд, ки онҳо ҳамеша дар канори ҳамватанони хеш ҳастанд.

Ҳамзамон бо иқдоми ҷомеаҳои меҳнатии шаҳри Конибодом барои оилаҳои осебдидаи деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ масолеҳи сохтмон, аз ҷумла зиёда аз панҷ ҳазор дона хишт, 4 тонна семент, 2200 дона сементблок, сарулибос, пойафзол, қолину рахти хоб, дигар маводи рўзгор, ашёи хониш ва маводи хўрока дастрас карда шуд.

Зимни тақсимоти кўмаки воридгардида, ки бо иштироки роҳбарияти шаҳр сурат гирифт, сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён бо баробари изҳори сипос ба Пешвои миллат ва мардуми Конибодом барои дастгирӣ ва пуштибониву ғамгории саривақтӣ,таъкид доштанд, ки рӯҳафтодаву ноумед нестанд ва бовар доранд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат ва ҳамватанони соҳибдил соҳиби сарпаноҳ мегарданд.

Бояд тазакур дод, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд.

Айни замон бошад, дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқомати иминтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст,ки дар муноқишаҳои марзии санаҳои 29-30 апрел дар минтақаҳои наздисарҳадии Исфара 17 манзили истиқоматӣ ба пуррагӣ харобгардида, 38 ҳавлии дигар қисман зарар дидааст.

Суғд: Ба 30 нафар иштирокчиёни ҶБВ кӯмакпулиҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд

( 0 Овоз )

9-уми май ҳамчун Рўзи Ғалаба, рўзи пирўзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, чун дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукуҳ таҷлил карда мешавад. Халқи тоҷик низ қатори дигар халқҳои озодихоҳу мутараққии ҷаҳон Иди Ғалабаро ботантана ва бо шаҳомати хоса ҷашн мегирад.

Имсол низ чун анъана тамоми иштирокчиёни ҷанг ва оилаҳои саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида аёдат ва ба онҳо маблағҳои пулӣ ва маводҳои ғизоӣ тақдим карда шуд. Айни ҳол дар вилоят 30 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва як нафар оилаи саробонаш дар ҷанг ҳалокгардида дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхорӣ фаро гирифта шуда, тамоми шароит барои онҳо муҳайё карда шудааст.

Инчунин, онҳое, ки бо медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1941–1945» ё ин ки на кам аз шаш моҳ дар айёми ҷанг дар ақибгоҳ кор ва ё хизмат кардаанд, ба аёдат фаро гирифта шуданд.

Боиси зикр аст, ки байни иштирокчиёни ҷанг ва ақибгоҳ аз ҳама ҷавонтаринашон айни ҳол 95-сола буда, боқимонда ҳама аз синни 95 боло ҳастанд. Ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи 100-солагӣ қарор дошта, 12 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ аз синни 100 гузаштаанд.

Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба ба иштирокчиёни ҷангу ақибгоҳ кўмакпулиҳо ҷудо карда мешавад. Соли равон низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар иштирокчиёни ҷанг аёдат карда шуда, ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ кўмакпулиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кўмакпулӣ ба ҳар нафар иштирокчии ҷанг ба маблағи 4000 сомонӣ, ба иштирокчиёни ақибгоҳи солҳои ҷанг ба маблағи 2000 сомонӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, онҳо аз тарафи раисони шаҳру навоҳӣ аёдат ва бо кўмакпулию маводҳои хўрока таъмин карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд