Хабарҳо
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43
Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон - 02.03.2021 13:43
Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд - 02.03.2021 13:40
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара - 02.03.2021 09:57
«КАБИРӢ АЗ ҶОНИБИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ХОРИҶӢ ИСТИХДОМ ШУДААСТ». Коршинос, рӯзноманигор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков иброз дошт, ки барои чӣ наҳзатситез аст - 01.03.2021 15:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд - 01.03.2021 15:20
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 26.02.2021 21:15
50 толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ба даври финалии Олимпиадаи байналмилалӣ "IMAC - online" роҳхат гирифтанд - 01.03.2021 10:08
Дар Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшида шуд - 26.02.2021 17:26
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом - 26.02.2021 17:02

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд

( 1 Овоз )

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти СуғдНимаи дуввуми рӯзи 26-уми июн дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода тантанаҳои бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни суханронӣ мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони вилоятро бахшида ба 16-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки дар раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон фарҳанги нави сулҳ ва таҳаммулпазирӣ тавлид ёфт ва  сулҳу ваҳдат зодаи афкори башардӯстона ва тинати мунаввари халқи маърифатпарвари тоҷик аст.

«Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Зеро халқи мо дар дарозои мавҷудияти таърихии хеш ба шарофати андешаи солим ва созандаи миллӣ, ҳамчунин фарҳанги ғановатманди моддиву маънавӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ худро аз ҳама гуна фишору зӯроварӣ ва таъсири суннатҳои фарҳангӣ, забон ва анъанаҳои бегонагон худро аз нобудшавӣ ҳифз намуд. Имрӯз ҳам ин ҳифозат аз мубрамтарин масъалаҳо маҳсуб мешавад» - таъкид намуд, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода.

Тантанаҳои бошукӯҳи иди Ваҳдати миллӣ бо барномаи театрикунондашудаи санъаткорони вилоят ва суруду таронаҳои сарояндагон идома ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд