Хабарҳо
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27
Паёми табрики Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Модар - 05.03.2021 09:55

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон

( 2 Овоз )

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон Имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюкро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими ин робитаҳо дар ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода доир ба имкониятҳои ҳамкориҳои тарафайн дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ба сафир маълумот дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки вилояти Суғд дар самти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба воридоти ғалла ва равғани растанӣ аз Ҷумҳурии Украина манфиатдор аст.

Дар навбати худ, Раиси вилоят даъват ба амал овард, ки бояд содироти меваи хушк аз вилоят ба ин ҷумҳурӣ густариш дода шавад. Дар маҷмуъ изҳор гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ миёни ҳар ду кишвар назари неку ояндабин дорад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Чумҳурии Украина дар Тоҷикистон ҷаноби Виктор Никитюк аз пазироии гарми роҳбарияти вилоят изҳори миннатдорӣ кард ва афзуд, ки ҷониби Украина низ барои густариши ҳамкориҳои тарафайн бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамкориҳои минтақавии вилоятҳои Винитса ва  Днепропетровски ин ҷумҳурӣ бо вилояти Суғд омода аст. Дар ин замина, масъалаи таъсиси корхонаи муштарак бо корхонаи «Востокредмет»-и шаҳри Чкалов доир ба истеҳсоли таҷҳизот барои неругоҳҳои хурди барқӣ - обӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.  Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи кор бо намояндагиҳои диаспораи украинӣ дар вилоят ва баракс диаспораи тоҷикӣ дар Украина мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар дипломатӣ украинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят боздид ба амал оварда, бо раисони шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов низ мулоқот намояд. Ҳамчунин вохурии меҳмонон бо намояндагони диаспораи украинӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов низ дар назар аст.

Сафари кории дипломати украинӣ санаи 29 июн ба анҷом хоҳад расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Тоҷикистон