Хабарҳо
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43
Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон - 02.03.2021 13:43
Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд - 02.03.2021 13:40
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара - 02.03.2021 09:57
«КАБИРӢ АЗ ҶОНИБИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ХОРИҶӢ ИСТИХДОМ ШУДААСТ». Коршинос, рӯзноманигор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков иброз дошт, ки барои чӣ наҳзатситез аст - 01.03.2021 15:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд - 01.03.2021 15:20
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 26.02.2021 21:15
50 толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ба даври финалии Олимпиадаи байналмилалӣ "IMAC - online" роҳхат гирифтанд - 01.03.2021 10:08
Дар Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшида шуд - 26.02.2021 17:26
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом - 26.02.2021 17:02

Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ қадршиносӣ шуданд

( 1 Овоз )

Хонандагон - ғолибони олимпиадаҳо қадршиносӣ карда шуданд Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба 83 нафар хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро супорид.

Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ дар ҳузури хонандагону омӯзгорон аз таваҷҷӯҳи рӯзафзуни давлату ҳукумат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо шароити мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят хеле беҳтар ва дар ин замина дастовардҳои омӯзгорону хонандагони вилоят низ сол аз сол афзун мегардад.

-Кормандони соҳаи маорифи вилоят аз таваҷҷӯҳи доимии Роҳбари давлат нисбати пешрафти кори мактабу маориф, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии насли наврас хеле рӯҳбаланд шуда, барои рушду нумуъи минбаъдаи соҳа, вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебо ва пуриқтидор гардидани Ватани азизамон саҳми муносиб мегузоранд – зикр намуд, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода.

Мавриди зикр аст, ки дар соли хониши 2012-2013 дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ, даставӣ ва фосилавӣ 188 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, 111 нафар ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ, 15 нафар ба гирифтани ифтихорнома ва тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар соҳиби роҳхат барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ гардиданд.

Дар фазои тантанавӣ Раиси вилоят сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба хонандагон – ғолибони олимпиадаҳо супорид. Ҳамзамон хонандагон барои таваҷҷӯҳ нисбати эшон ба Раиси вилоят Қоҳир Расулзода изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Хонандагон - ғолибони олимпиадаҳо қадршиносӣ карда шуданд Хонандагон - ғолибони олимпиадаҳо қадршиносӣ карда шуданд Хонандагон - ғолибони олимпиадаҳо қадршиносӣ карда шуданд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ қадршиносӣ шуданд