Нимаи дуввуми рӯзи 25 июн Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.
Раиси вилоят нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи ҷамоати Хистеварз, ки барои 5 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шудааст, шинос шуд. Тавре аён гардид, айни ҳол беш аз 50 дарсади сохтмон ба анҷом расида, коргарон дар ду баст ба кор машғуланд. Зимни шиносоӣ Қоҳир Расулзода аз ҷараён ва сифати корҳо интиқод намуда, дастур дод, ки корҳои сохтмониро дар се баст ба роҳ монанд.
Раиси вилоят ҳамзамон бо мақсади ба навъҳои гуногуни варзиш фаро гирифтани аҳолӣ бунёди майдончаҳои теннису баскетбол ва волейболро кори муфид арзёбӣ кард ва дастур дод, ки дар ҳудуди ин варзишгоҳ чунин майдончаҳо бунёд карда шаванд.
Қоҳир Расулзода дар ин ҷамоат бо корҳои сохтмонии мактаб-литсей барои хонандагони болаёқат низ шинос шуд. Ин мактаб-литсейи сеошёна барои 660 хонанда пешбинӣ шуда, он дорои утоқҳои фаннии гуногун, толори варзишӣ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Айни ҳол дар корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва 60 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди литсейи мазкур сохтмони хобгоҳ низ идома дорад. Ба иттилои масъулин он дорои тамоми шароити зарурӣ хоҳад буд.
Раиси вилоят аз бинои сохташавандаи таълимӣ ва хобгоҳи он дидан карда, барои дар мӯҳлатҳои пешбинишуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд