Имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба корҳои азнавсозии роҳи маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшид.
Раиси вилоят дар оғоз сокинони шаҳри Хуҷандро бахшида ба иди Ваҳдати миллӣ табрик гуфт ва аз вусъати корҳои созандагӣ дар қаламрави вилоят изҳори хушнудӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар ду-се соли охир роҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ мумфарш карда шудаанд ва дар ин мавсим кӯчаҳои асосии марказҳои ноҳияҳои Ашту Ғончӣ низ мумфарш карда шуд. Қоҳир Расулзода ҳамзамон қайд кард, ки барои азнавсозии роҳи маҳҳалаи Себзор аз буҷети вилоятӣ 5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Бояд гуфт, ки чанде қабл қариб 10 километр роҳи дохилии шаҳри Хуҷанд, ки аз микроноҳияи 3 то 19 ва сипас микроноҳияи 28-ро фаро мегирад, мумфарш карда шуд. Корҳои мумфаршкунии роҳҳо аз назди Бонки Эсхатаи маҳҳалаи Гулистон то маркази деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ рӯзҳои наздик оғоз хоҳад ёфт. Ин роҳ беш аз 6 километр дарозӣ дошта, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мумфарш карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд