Хабарҳо
Ба истифода додани роҳи мошингарди пайвасткунандаи шаҳраки Мӯъминобод ва деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - 25.09.2020 15:04
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатиро дар маркази ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 25.09.2020 15:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев дар ноҳияи Мӯъминобод шинос шуданд - 25.09.2020 15:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматиро дар ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 25.09.2020 15:00
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодаи замин, ҷамъоварии ҳосили картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Гулистони ноҳияи Муъминобод - 25.09.2020 14:58
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғозӣ расмӣ бахшиданд - 25.09.2020 14:56
Дар Хуҷанд Маркази тиҷоратии ““Шаҳри афсонавӣ” ба истифода дода шуд - 25.09.2020 14:22
Вохӯрии раиси Шӯрои ВАО бо донишчуёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ - 25.09.2020 09:53
Раиси вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Каримҷон Ҷӯраевро аёдат намуд - 24.09.2020 17:06
Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар Конибодом - 24.09.2020 17:03

Ташрифи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Санаи 23 авугусти соли 2017 дар доираи баргузории чорабинии бошукуҳ - Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд, ки аз 21-уми август идома дорад, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ба вилояти Суғд ташриф овард.

Ҳайати меҳмонони ВМКБ-ро ҳамчунин Олуфта Бодурӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҳамроҳӣ намуд. Роҳбарияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.

Ҳайати меҳмонон сараввал собиқадор, ходими сиёсӣ Оқил Оқиловро аёдат намуданд. Оқил Оқилов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромадан дар вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Зимни аёдат Раиси ВМКБ аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдоварӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки номбурда солҳои зиёд дар мақоми сарвазири кишвар  дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми донишу малакаи хешро барои пешрафти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона намудааст. Чун нишони эҳтироми мардуми Бадахшон, Шодихон Ҷамшед ба Оқил Оқилов туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ҳайати меҳмонон ҳамчунин ба дидори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона рафтанд. Дар баробари зикри хизматҳои бузурги номбурда дар ҷодаи рушди шеъру адабиёт, ҳамзамон гуфта шуд, ки Фарзона аз ҷумлаи шоирони муосири соҳибдевон аст, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар хориҷа низ шуҳрати афзун дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ташрифи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба вилояти Суғд