Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот намуданд - 26.11.2020 11:58
Дар Истаравшан бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 мавриди истифода қарор гирифт - 26.11.2020 11:37
Оғози маъракаи иттилоотии «16 рӯз мубориза алайҳи хушунат» - 26.11.2020 11:31
Дар Ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд - 26.11.2020 11:10
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд - 25.11.2020 10:42
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2020 16:11
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон - 24.11.2020 13:56
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчам дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 24.11.2020 14:53
Ашт. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомади идона баргузор гардид - 24.11.2020 14:48
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва оғоз гардид - 24.11.2020 14:44

Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар ХуҷандДар вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ, бунёду навсозиии боғҳо ва шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда муташаккилона ҷараён дошта, дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида мешавад.

Корҳои бунёдкорӣ дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд низ вусъати тоза гирифта, дар баъзе аз мавзеъҳо, аз ҷумла дар шафати роҳи асосӣ ниҳолшинонӣ идома дорад. Дар ин мавзеъ ниҳолҳои ардач шинонида шуда, кабудизоркуниву гулкорӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Бояд гуфт, ки дарахту буттаҳои шафати роҳи пули асосии шаҳр хушкида буданд ва давоми ду ҳафати охир кормандони идораи хоҷагии манзили шаҳри Хуҷанд ин мавзеъро тоза ва барои шинонидани ниҳолҳои нави ҳамешасабз омода намуданд.

Зимни як боздид Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар маъракаи ниҳолшинонии маҳалллаи Сирдарё иштирок намуд ва бо нақшаи навсозии ин мавзеъ шинос шуд. Дастур дода шуд, ки дар ин мавзеъ  ниҳолҳои ҳамешасабз ба монанди ардач шинонида ва парвариш карда шавад. Барои зебосозии минтақа шинонидани намудҳои гуногуни гулҳо мувофиқти матлаб арзёбӣ гардид.

Тибқи лоиҳа дар ду тарафи роҳи купруки марказии шаҳр 60 бех ниҳолҳои 4 сола ва 5 сола шинонида шуда, атрофи он бо панҷара иҳота хоҳад шуд.

Ҷоизи зикр аст, ки то имрӯз дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд наздик 3 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шудааст. Дар назар аст, ки то фасли баҳор зиёда аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шавад.

Алҳол дар вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ вусъати тоза гирифта, дар ин самт ба афзун намудани дарахтони мевадиҳанда, аз қабили навъҳои гуногуни зардолу, шафтолу олу, гелос ва ғайра таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар ХуҷандВусъати корҳои бунёдкорӣ дар Хуҷанд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар Хуҷанд