Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ

( 0 Овоз )

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ

Видео : Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ Имрӯз, 12 январ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва иштироки доираи васеи фаъолон ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2014 баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа вобаста ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли гузашта муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод. Тавре таъкид шуд, дар мамҷӯъ рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар ин давра таъмин гардидааст ва дар заминаи иҷрои муҳимтарин иқдомҳои мақомоти иҷроия аз қабили гузаронидани ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, барқарорсозии иқтидори корхонаҳои калони саноатӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, ободонии роҳҳо ва эҳёи ҳунарҳои анъанавӣ нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ ба даст омадаанд.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ин давра ба 11 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки 106,6 дарсадро нисбат ба соли 2013 ташкил медиҳад. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатии вилоятӣ ба андозаи 103,1 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 143,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 34,2 ва нисбат ба соли 2013 - 181,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ ба 3,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2013 - 846 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз 566 корхонаи  саноатӣ, 416 адад, ё худ 72,6 фисад суръати афзоишро таъмин намуда, 121 корхона ба пастравии истеҳсолот роҳ додаанд. Шумораи корхонаҳои  аз фаъолият бозмонда дар соли 2014 ба 34 адад расидааст.

Ҷиҳати тақвияти нерӯи истеҳсолии корхонаҳои «Атласи Хуҷанд», «ВТ Силк», «Неку Хуҷанд», «Олим текстайлз» ва «Спитамен – текстайлз» тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ 164 корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии наздик 3000 ҷои корӣ таъсис ёфтааст.  Новобаста аз ин иқтидорҳои истифоданашудаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самти саноати сабук ва консервабарорӣ ҳанӯз зиёданд, ки минбаъд бояд ба кор бурда шаванд.

Кишоварзони вилоят бошанд дар ҳаҷми  5 миллиарду 678,3 миллион сомонӣ маҳсулот  истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2013 - 130,4 дарсадро ташкил медиҳад.  Дар маҷмӯъ, давоми сол дар миқёси вилоят аз 2991 адад хоҷагиҳои калонҳаҷм 2968 адад мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор гирифта, дар заминаи онҳо 37090 адад хоҷагиҳои деҳқонии нав таъсис дода шуданд ва 30399 адади онҳо бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ройгон таъмин гардиданд.

Яке аз иқдомҳои назаррас дар ин сол азхудкунии дашти Сомғор мебошад, ки дар натиҷаи амалӣ намудани марҳилаи аввали он барои 1000 гектар ба ин мавзеъ об бароварда шуда, ҳадаф бунёди шаҳраки нав ва боғҳои интенсивӣ дар ин мавзеъ мебошад.

Соли 2014 ба иқтисодиёти вилоят дар ҳаҷми 242,3 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба соли 2013 - 1,8 маротиба афзун мебошад. Ҳамкориҳои минтақавии вилоят бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик, аз ҷумла, кишвари Олтой, вилояти Астрахан, Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия ва вилояти Мински Белорус дар асоси имзои созишномаҳо густариш ёфтанд. Ҷиҳати иҷрои барномаи вилоятии роҳҳои обод 2826 км роҳҳо таъмиру тармим карда шуданд, ки нисбат ба нақшаи барномавӣ 120,2% ва нисбат ба роҳҳои дар соли 2013 таъмиршуда 191,9 %-ро ташкил дод. Бояд қайд кард, ки дарозии роҳҳои пурра мумфаршуда нисбат ба соли 2013 - 2,8 маротиба зиёд аст.

Дар рафти ҷаласа роҳбарони як қатор шаҳру навоҳӣ ва раёсату идораҳо ва раисони ҷамоатҳо мавриди пурсиш қарор дода шуданд.

Дар поёни ҷаласа роҳбари вилоят дар назди фаъолон барои фаъолияти минбаъда вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои босифати нақшаи ҷамъоварии андозҳо, назорати воридоти гандум ва коркарди он дар вилоят, таҳия ва қабули барномаи сесола оиди бо шуғл фаро гирифтани неруи қобили корӣ ва 135 фоиз таъмин намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли равон ба масъулин дастур дода шуд.

Таъкид гардид, ки соли равон иқдоми ободонии роҳҳо ва рушди меҳнати хонагӣ вусъати тоза мегирад. Бо ин мақсад дар ҳар ҷамоат бояд маркази омӯзиши ҳунарҳои анъанавӣ ташкил гардида, ин марказҳо бо дастгоҳҳои таълимӣ ройгон таъмин гарданд. Соли равон низ аз ҷониби мақомоти иҷроия барои занҳои соҳибкор ҷиҳати рушди меҳнати дастӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ грант пешбинӣ шуда, масъулини соҳаи кишоварзӣ барои пурра анҷом додани ислоҳоти замин, ташкили ассотсиатсияи истифодабарандагони об, таъмини обченкунакҳо, ташкили комплексҳои ширию гӯштӣ дар ҳар ноҳия, вусъати шудгор, харидории 10 адад мошини пахтачинӣ, омодагии пойгоҳҳои обкашӣ, ташкили нуқтаҳои хизматрасонии комплексии чорво ва ғайра вазифадор карда шуданд.

Соли 2015 дар заминаи эълон шудани соли гулҳо ва соли рушди фарҳанг баргузории озмунҳои мухталиф дар байни шаҳру навоҳӣ ва ҷамаотҳо дар назар дошта шудааст. Роҳбари вилоят ҳамзамон фаъолонро барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ҳидоят намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣБаргузории ҷаласаи ҷамъбастӣБаргузории ҷаласаи ҷамъбастӣБаргузории ҷаласаи ҷамъбастӣБаргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ