Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд - 15.01.2021 16:20
Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2020 - 15.01.2021 16:19
Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад - 15.01.2021 10:56
Дар ноҳияи Ашт 225,7 гектар боғоти нав бунёд карда шуд - 15.01.2021 10:23
Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд - 15.01.2021 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 14.01.2021 16:30
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 14.01.2021 15:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен - 14.01.2021 15:28
Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд - 14.01.2021 11:57
Суғд: Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик 6 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуд - 14.01.2021 13:14

Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

( 1 Овоз )

27-уми ноябри соли 2012

Видео :: Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Дар толори Кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд  Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят доир гардида, масъалаи ҳодисаҳои худкушӣ ва суйиқасд ба онро дар давраи даҳ моҳи соли 2012 мавриди муҳокима қарор дод.
Дар ҷаласа аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру навоҳӣ, мудирони шӯъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоят, шаҳру навоҳӣ, прокуророн, сардорони Раёсат ва шӯъбаҳои корҳои дохилаи вилояту шаҳру ноҳияҳо, сардорони Раёсат ва шӯъбаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, сардухтурони беморхонаҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявӣ, мудирони шӯъбаи кор бо дини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру навоҳӣ, раис ва аъзои Шӯрои уламои дини вилоят, имом-хатибони масоҷиди марказиву ҷомеъ, кормандони васоити ахбори омма ширкат доштанд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки масъалаи баррасишаванда, дарҳақиқат, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст. Худкушӣ ва сӯиқасд ба он, бо вуҷуди андешидани чораву тадбирҳои зиёд, рӯ ба афзоиш дорад ва рух додани ин ҳодисаи номатлуб ягон нафар узви ҷомеаи солимро бетараф нагузорад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирӣ кардани ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он”, ки ҳанӯз моҳи июли соли 2004-ум ба тавсиб расида буд, аз ҷумла дар қаламрави вилоят бояду шояд иҷро намегардад. Ба қарибӣ, гуфт Раиси вилоят, дар машварати корӣ Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора эроди ҷиддӣ гирифт.
Прокурори вилоят, генерал-майор Шариф Қурбонов дар бораи рафти иҷрои қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ  маърӯза кард.
Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят 261 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 39 адад ё 14,9 дарсад зиёд аст. Чунин ҳодисаи нанговар, бахусус дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Спитамен, Қайроққум, Ашт, Айнӣ, Зафаробод, Конибодом, Исфара, Шаҳристон, Чкалов афзудааст.   Прокурори вилоят бо таассуф зикр намуд, ки даст ба худкушӣ задани занҳо, асосан бо сабабҳои азобу шиканҷаи аз ҷониби шавҳар ва хушдоман рух медиҳанд. Чунин ҳодисаҳо номатлуб дар даврат ҳисоботӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои Шаҳрак ва Сурхи ноҳияи Исфара, ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров, “Зарҳалол” ва “Правда”-и ноҳияи Истаравшан, Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон, Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, Зафарободи ноҳияи Зафаробод, Косатароши ноҳияи Панҷакент, “Истиқлол” ва шаҳраки ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ба амал омадаанд
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар мавриди таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваққуф карда, аз иштирокдорони ҷаласа хоҳиш намуд, ки ба бетарафӣ роҳ надиҳанд, тамоми чораҳоро андешанд, то ин ҳодисаи номатлуб пешгирӣ карда шавад. Қоҳир Расулзода аз раисони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан Иброҳим Абдуллоев, Спитамен – Мухтадӣ Маҷидов, Айнӣ - Рустам Раҳматов,  Қайроққум – Худойназар Юлдошев, Конибодом – Нӯъмонҷон Обидов сабабҳои зиёд шудани ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба онро пурсон шуда, дастур дод, ки барои кам кардани чунин ҳаводиси нангин корҳои тарғиботу ташвиқотиро вусъат бахшанд. Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи Раиси вилоят Раъно Бобоҷонова, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Фаридун Ҳодибоев, сардори Раёсати корҳои дохилаи вилоят, генерал-майор Шариф Назаров, сардори Раёсати маорифи вилоят Саидмухтор Ҷалолов, сардори Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят Далил Тошматов, мудири шӯъбаи оид ба  дини дастгоҳи Раиси вилоят Абдуҳаким Шарифов, раиси идораи уламои дини вилоят ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода ва дигарон дар бораи корҳои иҷрошуда гузориш дода, якчанд пешниҳоду таклифҳоро ба забон оварданд
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар бораи вазифаҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сохтору шӯъбаҳо ва раёсатҳои он сухан кард.  
Қоҳир Расулзода гуфт, ки  кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру навоҳӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, васоити ахбори омма ва фаъолонро зарур аст, ки ба қиршҳои мухталифи мардум дар бораи дастовардҳои хоҷагии халқи мамлакат бештар иттилоъ диҳанд, мардумро ба шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол, аз сулҳу осоиштагӣ даъват намоянд.  
Раиси вилоят масъулини соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, кумитаи кор ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят, шӯбаи дини вилоят, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кулли иштирокдорони ҷаласаро водор намуд, ки дар мубориза баҳри пешгирии ҳодисаи номатлуб – худкушӣ ва суйиқасд ба он дар қаламрави вилоят саҳм бигиранд. Давлат барои рушду нумӯи ҷабҳаҳои мухталифи  хоҷагии халқ тадбирҳои зиёд меандешад. Бештар ба он таваҷҷӯҳ зоҳир намоем, ки ҳаёти мардуми мо солим бошад ва он ба меъёри зиндагии сокинони диёр мубаддал гардад. Иштирокчиёни ҷаласаи якҷоя баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои худкушӣ ва суйиқасд ба он қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ