Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд - 15.01.2021 16:20
Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2020 - 15.01.2021 16:19
Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад - 15.01.2021 10:56
Дар ноҳияи Ашт 225,7 гектар боғоти нав бунёд карда шуд - 15.01.2021 10:23
Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд - 15.01.2021 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 14.01.2021 16:30
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 14.01.2021 15:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен - 14.01.2021 15:28
Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд - 14.01.2021 11:57
Суғд: Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик 6 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуд - 14.01.2021 13:14

Тантанаҳо ба ифтихори Рӯзи қабули Парчам

( 2 Овоз )

24 ноябри соли 2012
Дар тамоми қаламрави вилояти Суғд  бахшида ба 20-умин солгарди Рӯзи қабули  Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанҳо баргузор шуданд. Ба ин муносибат дар маркази вилоят –шаҳри Хуҷанд, ки қабои идона ба бар карда буд, ҷамъомади тантанавӣ ва сайругашти оммавӣ,  инчунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Тантанаҳо ба ифтихори   Рӯзи қабули  Парчам дар шаҳри Хуҷанд бо пойгаи 30 нафар варзишгарони дучархарон  оғоз гардида, сипас  ҷавонони донишҷӯ бо парчами бузурги  250 метра озими идгоҳ шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  чорабиниро, ки дар  он намояндагони ташкилоту корхонаҳо, фаъолону собиқадорон иштирок доштанд, ҳусни ифтитоҳ бахшида   ба муносибати Рӯзи қабули  Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро шодбош гуфт ва суханро ба муовини аввали Раиси вилоят  Ҷумъабой Сангинов дод.

Ҷумъабой Сангинов номаи табрикии Раиси вилоят Қоҳир Расулзодаро ба мардуми вилоят ба ифтихори 20-умин солгарди Рӯзи қабули  Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, аз ҷумла  таъкид намуд, ки бист сол муқаддам 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳумини Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, то имрӯз чун нишони ҳастӣ ва сарбаландии кишвар дар арсаи байналмилалӣ парафшонӣ дорад.
Таҷлили ин санаи таърихӣ ва  эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва хотирмон ва он метавонад дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.
Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ  - Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ва нишони ифтихор аз давлату давлатории хеш аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчам нишони сарбаланди халқ буда, чун ҳар ҷо парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигарданд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад.
Сарчашмаҳои таърихӣ ишорат бар он доранд, ки калимаҳои парчам, алам, дирафш ва байрақ дар забони мо аз қадим маълум ва машҳур буда, чун рамзи давлатӣ низ корбурд шудаасту дар гузашта дар баробари давлат лашкаркашону сипоҳиёни номдор низ парчами худро доро будаанд.
Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистони азиз  бо роҳбарии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зери Парчами давлатии худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд. Боиси ифтихор он аст, ки сокинони сарбаланди  вилоят  бо рӯҳу илҳоми тоза  чун идомаи тантанаҳои 20 солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки бо иштироки Президенти мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид, 20-умин солгарди   Рӯзи қабули  Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
Барномаи  рангини ҳунарпешагони санъат шукуҳу шаҳомати ҷашнро афзун гардонид.
Ҳамзамон дар чаҳор нуқтаи  маркази вилоят ва  шаҳрҳои саноатии  Қайроққум, Чкалов ва Истиқлол ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  баргузор гаштанл ва дар он маҳсулоти пешкашшаванда аз нархи бозорӣ то 30 фоиз арзонтар буд.

 

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Тантанаҳо ба ифтихори Рӯзи қабули Парчам