22 ноябри соли 2012
Имрӯз дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар он масъалаҳои муҳими рӯзмарра аз қабили омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани сӯзишворӣ ва ангишт, саривақт холӣ намудани майдонҳо аз ғӯзапоя ва гузаронидани шудгори тирамоҳӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ дар миқёси вилоят дар фасли тирамоҳу зимистон, баргузор намудани таъмири пойгоҳҳои обкашӣ хоса дар ноҳияи Зафаробод ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси вилоят нисбати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба бинокорони Чойхонаи миллӣ дар назди Қасри фарҳанги Арбоб изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дари ин иншоот, ҳамчунин осорхонаҳои тозабунёд ҳамеша барои мардум ва сайёҳон боз бошанд.
Қоҳир Расулзода ба меъморону лоиҳакашон супориш дод, то мутобиқи дастури Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри фарҳанги Арбоб лоиҳаи бунёди фароғатгоҳро барои кӯдакон омода намоянд.
Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд