Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода: Занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд - 04.03.2021 16:21
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 04.03.2021 11:28
Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад - 04.03.2021 10:55
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ карда мешавад - 03.03.2021 16:42
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд - 03.03.2021 15:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим иштирок намуданд - 03.03.2021 15:22
12 март иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад - 03.03.2021 14:32
Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи "Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият" - 03.03.2021 12:54
ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?… - 02.03.2021 20:04
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳамасола санаи 23-уми феврал дар тамоми қаламрави кишвари азизамон Рўзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад.

Вобаста ба ин, собиқадорон, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд ва кулли кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми бузург мегузоранд, сидқан таҳният менамоям.

Боиси таъкид аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳашт сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодиву сиёсии Ватани азизамон, ки аксари сохтору мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, бидуни заминаҳои моддиву техникӣ таъсис ёфта, бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму талоши ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, мардуми соҳибфарҳангу сулҳҷӯй, боифтихор ва ватандӯстамон дар як муддати кўтоҳи таърихӣ ба ниҳоди қавии қудратӣ табдил ёфт.

Дар ин бора, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Артиши амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муқтадир, муназзам ва боэътимод табдил ёфтааст. Дар чунин муддати кӯтоҳ ноил шудан ба чунин дастовардҳои назаррас, албатта, натиҷаи заҳмати содиқонаи ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирии мардуми тоҷик ва кумаку таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат мебошад».

Имрўз ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагию фаъолияти ҳайати шахсии онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд.

Мо аз он ифтихор мекунем, ки имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон пайваста нерўманд гардида, сарбозону афсарони ин ниҳоди қудратманд қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламон, сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистонро сарбаландона ҳимоя намоянд.

Бори дигар, ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, мақомоту сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин кулли мардуми шарифи вилоятро ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, рўзгори ободу осуда, сиҳату саломатӣ ва дар роҳи ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватани азизамон дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон