Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода: Занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд - 04.03.2021 16:21
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 04.03.2021 11:28
Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад - 04.03.2021 10:55
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ карда мешавад - 03.03.2021 16:42
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд - 03.03.2021 15:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим иштирок намуданд - 03.03.2021 15:22
12 март иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад - 03.03.2021 14:32
Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи "Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият" - 03.03.2021 12:54
ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?… - 02.03.2021 20:04
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43

Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов рафта, эшонро аёдат намуд.

Зимни суҳбати самимӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоёни Баҳриддин Ахмедов ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мавсуф  баробари таъсисёбии вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) моҳи декабри соли 1970 ба узвияти кумитаи ташкилии вилоят пешбарӣ гардида, ӯро 14 феврали соли 1971 дар Иҷлосияи  якуми Шўрои депутатҳои меҳнаткашони  вилояти Ленинобод котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят  интихоб карданд ва дар ҳамин вазифа то ба нафақа баромадан, яъне соли 1993 фаъолият бурд. Баҳриддин Ахмедов дар муддати тўлоние, ки дар комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят фаъолият бурданашон барои таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, рушду нумўи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷабҳаҳои  хоҷагии халқи вилоят саҳми  арзанда гузошт. Маҳз бо заҳмату кўшишҳои Баҳриддин Ахмедов дар ҳайси котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои  вилоят корҳои омодагию ташкилии Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои он дар сатҳи баланд гузашт.

Зикр гардид, ки Баҳриддин Ахмедов барои хизматҳои шоён бо 2 ордени “Нишони фахрӣ”, 3 медал, Грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олӣ ва Комитети марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, унвони фахрии “Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, бахшида ба 60-солагии ташкили вилояти Ленинобод бо ордени “Дўстӣ” сарфароз гардидааст.

Сипас, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхориашон ба ашхоси бознишаста расонида, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бештар донишу касб омӯхта, баҳри ободии диёри  хеш саъю талош варзанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд