Хабарҳо
Маросими супоридани шаҳодатнома ва гувоҳномаҳо ба ҷавонон - 22.05.2021 16:40
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон - 22.05.2021 09:54
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Айнӣ - 22.05.2021 09:50
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар мулоқот намуданд - 21.05.2021 16:19
«ҲАМПАРИ ШАҲБОЗУ СОҲИРИ МУМТОЗУ ОШИҚИ ЗАМЗАМАПАРДОЗ». Эътои Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ба 80-солагии устод Лоиқ - 21.05.2021 10:06
Нишасти навбатии маҳфили «Ганҷи сухан» ба 110-солагии Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Лоиқ Шералӣ бахшида шуд - 21.05.2021 10:02
Ғолибони мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод муайян шуданд - 21.05.2021 09:59
«Шоми ҷавонӣ» ҷавонони ноҳияи Айниро ба ҳам овард - 21.05.2021 09:56
Дар шаҳри Гулистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” шоми ҷавонӣ доир шуд - 21.05.2021 09:52
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри бостонии Истаравшан - 21.05.2021 09:48

Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Спитамен ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дошта, сокинон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихӣ аҳлона меҳнат намуда истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ аз ноҳияи Спитамен боздид намуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, соли 2020 дар ноҳияи Спитамен рушди соҳаи саноат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 668 млн. 687,9 ҳазор сомониро ташкил дод. Айни ҳол дар ноҳия 23 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар соли гузашта корхонаи хурди равғанбарории ҶДММ “25 – солагии Истиқлолият”, марҳилаи дуюми ҶСП “Норд Азия Металл”, сехи коркарди мағзи зардолу ва банду басти он дар ҶДММ “Зуҳал КО” ва заводи хиштбарорӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

ҶДММ “25 – солагии Истиқлолият” яке аз корхонаҳои калони пахтатозакунӣ маҳсуб ёфта, муассисони корхона талош доранд, ки ашёи хомро то ҳадди ниҳоӣ коркард намуда, маҳсулоти тайёрро пешниҳоди сокинон созанд. Бо ин мақсад дар назди ҶДММ “25 – солагии Истиқлолият” корхонаи хурди равғанбарорӣ таъсис дода шуд, ки он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас дорад. Айни замон дар корхона 30 тонна равған захира гардида, он ба бозор ворид карда мешавад.

Раиси вилоят ба фаъолияти корхонаи ҶДММ “25 – солагии Истиқлолият” баҳои баланд дода, барои боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот тавсияҳо дод.

Сипас, роҳбари вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро дар корхонаи коркарди шир мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхонаи коркарди шир дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар бунёд гардида истодааст.

Ҳангоми шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП “Комбинати Шири Душанбе” сохта шуда истодааст. Маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил дода, аз он 3,5 миллион маблағи умумии сохтмон ва 4 миллион маблағи таҷҳизоти воридшаванда ба ҳисоб меравад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен