Хабарҳо
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52
Филми ҳуҷҷатии Бешарафӣ - 20.01.2021 22:04
Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд - 20.01.2021 15:24
Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:16
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Истаравшан - 20.01.2021 10:29
Дар Шаҳристон бунёди бинои бахши омори ноҳия ҷараён дорад - 20.01.2021 13:53
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони маркази саломатӣ ва пули мошингузар дар ноҳияи Шаҳристон - 20.01.2021 13:29

Дар шаҳри Гулистон боғи истироҳатии “Темурмалик” азнавсозӣ карда мешавад

( 0 Овоз )

Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дорад.

Дар ин замина, алҳол дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ густариш ёфта,  давоми солҳои 2018-2020 157 иншоот ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст.

Бунёду навсозии иншооти гуногун дар шаҳр идома дошта, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихӣ боғи истироҳатии “Темурмалик” низ азнавсозӣ карда мешавад. Тавре зимни муарифии лоиҳаи боғи мазкур ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, масоҳати боғи “Темурмалик” 3 гектарро ташкил намуда, он дар соҳили “Баҳри тоҷик” ҷойгир мебошад. Рӯзҳои наздик корҳои таҷдиду навсозии боғ оғоз ёфта, барои меҳмонону сокинони ин минтақаи сайёҳии кишвар боз як макони зебову истироҳатӣ ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва вазъи имрӯзаи боғ иброз дошт, ки дар ҳудуди макони истироҳатӣ майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳо барои машқу тамрин, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва армуғонҳо ташкил карда шавад.

Сипас, бо иштироки Раиси вилоят дар шаҳри Гулистон ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Бо назардошти минтақаи сайёҳӣ будани шаҳр ба масъулин барои тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ, шинонидани дарахтони нодир, қаламчаи гули садбарг ва дигар гулҳои ороишӣ супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар шаҳри Гулистон боғи истироҳатии “Темурмалик” азнавсозӣ карда мешавад