Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд - 15.01.2021 16:20
Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2020 - 15.01.2021 16:19
Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад - 15.01.2021 10:56
Дар ноҳияи Ашт 225,7 гектар боғоти нав бунёд карда шуд - 15.01.2021 10:23
Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд - 15.01.2021 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 14.01.2021 16:30
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 14.01.2021 15:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен - 14.01.2021 15:28
Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд - 14.01.2021 11:57
Суғд: Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик 6 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуд - 14.01.2021 13:14

Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ

( 0 Овоз )

23 ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар чорабинӣ муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, фаъолон, роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоятӣ, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли илму адаб ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд. Дар оғози чорабинӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан ворид карда шуда, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, сокинони меҳнатқарин ва сарбаланди вилоятро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ табрику таҳният намуда, аз нақши Парчами миллӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон, бахусус дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зад.

-  Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатӣ барои мо хеле азизу мӯътабар буда, таҷлили Рӯзи Парчам дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст, - зикр дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр доштаанд, ки «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки баъди ҳазорсолаҳо мардуми сарбаланди тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби сарнавишт, соҳиби давлати мустақилу озод ва соҳибихтиёр, соҳибу рамзи муқаддасоти давлатӣ – Парчам, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии хеш аз моҳият ва мақоми Парчам дар таърихи давлатдории миллӣ, бахусус дар даврони соҳибистиқлолӣ андеша ронда, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тартиб додан ва тасдиқи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам бузург ва муҳим арзёбӣ намуд.

- Ҳамагон шоҳидем, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи нави қонуни асосӣ, ҳамзамон кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 қарор «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард ва дар Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, Пешвои миллат бамаврид зикр намуда буданд, ки Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошанд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамзамон зикр дошт, ки Парчами давлатӣ ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлоламон, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан мебошад. Аз ин рӯ, қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро  гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо мардуми вилояти Суғд низ чун дигар сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол зери Парчами давлатӣ баҳри устувории Истиқлолияту ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, таҳкими сулҳу субот ва дастовардҳои шоистаи созандагӣ кору фаъолият доранд ва дар ҳама самтҳо омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланд вусъати тоза мегирад.

-Мо, парчамбардорони миллатро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар азму талоши худро баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста равона созем, - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар фарҷоми чорабинӣ  аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангину пурмазмуни ҳунариро пешкаши иштирокдорон намуданд, ки аз мавзӯъҳои Ватану Истиқлол, ваҳдату созандагӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, таҷассумгари ҳаёти осоишта ва рӯзгори ободи мардуми кишвар таҳия гардида буд ва писанди ҳамагон гашт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ