Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд - 15.01.2021 16:20
Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2020 - 15.01.2021 16:19
Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад - 15.01.2021 10:56
Дар ноҳияи Ашт 225,7 гектар боғоти нав бунёд карда шуд - 15.01.2021 10:23
Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд - 15.01.2021 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 14.01.2021 16:30
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 14.01.2021 15:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен - 14.01.2021 15:28
Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд - 14.01.2021 11:57
Суғд: Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик 6 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуд - 14.01.2021 13:14

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Сокинони шарафманду сарбаланди вилоятро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки таҷлили яке аз рамзҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва сарчашмаи ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар маҳсуб меёбад, сидқан таҳният мегӯям.

Боиси таъкид аст, ки Рӯзи Парчами давлатӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 баён доштанд, ҳамасола 24-уми ноябр таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва тарбияи ватандӯстиии ҳамватанон чунин таъкид намудаанд:

“Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад”.

Воқеан ҳам, таърихи давлатдории гузаштагони мо баёнгари он аст, ки аз замонҳои дури таърих Парчам ҳамчун рамзи ватандорӣ, ифтихор аз далерию шуҷоат дар муттаҳид намудани халқи тоҷик нақши равшан гузоштааст. Суннати деринаи парчамдории аҷдоди мо, ки тибқи бархе аз сарчашмаҳо аз дирафши ковиёнӣ оғоз меёбад, дар тӯли таърих имкон фароҳам овардааст, ки миллати тоҷик таҳти ин рамзи давлатдорӣ зидди ҳама таҳдиду хатарҳо устуворона истодагарӣ карда, мероси арзишманди маънавӣ ва ҳастии миллати худро ҳимоя намояд. Аз ин лиҳоз, дар тамоми давраҳои таърихӣ гузаштагони мо ба ин рамзи муқаддас бо эҳтироми хоса муносибат карда, онро чун нишони соҳибдавлатӣ, маданияту фарҳанг, озодӣ ва қудрати давлатдорӣ ҳифз намуданд.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми ваҳдату ягонагӣ, истиқлолу озодӣ ва ҳамдилию ҳамраъйии мардуми шарафманди тоҷик бар фарози иншооти бузург, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо барафрохта шуда, боварӣ ва эътимоди бошандагонро ба ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон боз ҳам қавитар мегардонад. Мардуми сарбаланди тоҷик таҳти парафшонии Парчами давлатӣ барои татбиқи ҳадафҳои бузургу созандаи ободонию бунёдкорӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии истиқлоли давлатӣ саъю талош менамояд. Чунонки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, дар ин раванд, Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад.

Таманно мекунем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи кишвари азизамон ҷовидон парафшон бошад.

Бори дигар, Рӯзи Парчами давлатиро ба тамоми сокинони вилоят табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ ва ба Ватани азизамон сулҳу суботи комил орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон